Бахшҳо

Тоҷикистон барои ширкат дар ҳалли қазияи Афғонистон манфиатдор аст

Дар шаҳри Истамбул вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо ҳамтои афғонистониаш, доктор Залмай Расул баргузор гардид.


Тибқи иттилои расида,   дар мулоқоти мазкур ҳамчунин, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов иштирок дошт.Зарифӣ ба доктор Залмай Расул Низомиддин Зоҳидовро, ки ба қарибӣ аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чун намояндаи махсуси президент оид ба Афғонистон таъин гардидааст, шинос намуда, қайд кард, ки тасмимгирии мазкур аз манфиатдор будани Тоҷикистон барои иштирок дар ҳалли қазияи Афғонистон шаҳодат медиҳад. Дар рафти вохӯрӣ вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар бораи натиҷаҳои сафари расмии муовини аввали президенти Афғонистон маршал Муҳаммад Фаҳим ба Тоҷикистон, ки ба қарибӣ сурат гирифт, иттилоъ дод.

Ба масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дахл намуда, вазири корҳои хориҷии   Тоҷикистон аҳамияти муҳим доштани татбиқи лоиҳаҳоеро, ки барои рушди иқтисодиёти Афғонистон кӯмаки муассир расонида метавонанд бо шумули лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва коммуникатсионӣ зикр кард. Дар ин росто, Ҳ.Зарифӣ аҳамияти панҷумин Конфронси ҳамкории минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCА)-ро, ки моҳи марти соли 2012 дар Душанбе баргузор мегардад, қайд намуд.Дар навбати худ, доктор Залмай Расул таваҷҷӯҳро ба аҳамияти ташаббуси ба вуҷуд овардани «Роҳи нави абрешим» ҷалб намуд.  Дар рафти вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои Конфронси Истамбул оид ба Афғонистон «Амният ва ҳамкорӣ дар қалби Осиё» ва Конфронси ҳаммонанд, ки аввали декабр дар ш. Бонн барпо мегардад, баррасӣ гардиданд.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)