Бар асари як сониҳаи нақлиётӣ дар ноҳияи Мурғоб як кудаки 5 сола ҷони худро аз даст дод.
Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, рӯзи гузашта соати 16:40 ронандаи автомобили тамғаи «Чанху» рақами давлатияш В 0630 04 РТ, Темур Абдумамадови 45- сола, сокини кӯчаи Сомонӣ-1, бекор, ҳангоми ҳаракат аз тарафи бозори Сари-Кулӣ ба самти кӯчаи 15-солагии Тоҷикистон, бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда, ноболиғ Суюнбек Қизи Гулизаи 5 соларо пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан ба ҳалокат мерасад.{jathumbnail off}
Мӯҳр