Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:39

Ҳаҷми буҷети соли 2012 дар қиёс ба соли равон 1 миллиарду 622 миллион сомонӣ зиёдтар аст

2 ноябр 2011, 09:24

Лоиҳаи Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» имрӯз (2-юми ноябр) аз ҷониби вакилони МН қабул гардид.


Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дода афзуд: «Аз рўи масъалаи мазкур вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов ва намояндаи мардумӣ Сафаралӣ Гулов суханронӣ намуда, лоиҳаи қонунро фарогири тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ карданд. Зикр шуд, ки буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2012 нисбат ба буҷетҳои қаблӣ хеле зиёд буда, дар он таваҷҷўҳи бештар ба соҳаи иҷтимоии кишвар зоҳир гардидааст.

Манбаъ афзуд, дар лоиҳаи буҷети давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012 ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ, аз ҷумла даромадҳои ҷорӣ, грантҳо, қарзҳо барои амалӣ намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва қарзҳои дигари давлатӣ, инчунин маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ҷамъ оварда шудаанд. Дар соли 2012 ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ ба маблағи 10 миллиарду 160,6 млн. сомонӣ, аз ҷумла даромадҳои ҷории буҷети давлатӣ – 7 миллиарду 790,0 млн. сомонӣ муқаррар мегардад. Ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ дар соли 2012 нисбат ба соли 2011 бо ҳисоби номиналӣ 1миллиарду 868,6 млн.сомонӣ, аз ҷумла аз рўи даромадҳои ҷорӣ ба маблағи 1 миллиарду 622,6 млн.сомонӣ афзоиш меёбад.

Зикр гардид, ки хароҷоти умумии буҷети давлатӣ дар соли 2012 ба назардошти касри буҷет (180,0 млн.сомонӣ) 10 миллиарду 340,6 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2011 – 1 миллиарду 746,8 млн.сомонӣ зиёд мебошад.

Гуфта мешавад, қисми даромад ва хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ дар соли 2012 ба маблағи 2531,0 млн. сомонӣ пешбинӣ мегардад, ки нисбат ба буҷети соли ҷорӣ 488,0 млн.сомонӣ афзоиш меёбад.

Ҳамин тавр, вакилони Маҷлиси Намояндагон лоиҳаи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» - ро  ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз доданд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!