Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 08:55

Муассиси «Викиликс» дар додгоҳи Шветсия бозпурсӣ мешавад

2 ноябр 2011, 11:20

Ҷулиан Ассанҷ, муассиси торнамои пурсарусадои «Викиликс» барои бозпурсӣ аз Лондон ба Шветсия истирдод мешавад.


Дар ин бора ҳукми додгоҳи Британия имрӯз эълон шудааст. Бино ба навиштаи нашрияи «Таймз» додгоҳи Олии Лондон, рӯзи 2-юми ноябрз баъди баррасии шикояти додгоҳии Ҷулиан Ассанҷ, ҳукми додгоҳи поёнӣ дар мавриди истирдоди ӯро бетағйир гузошт. Гуфтанист, мақомоти Шветсия Ҷулиан Ассанҷро ба озори ҷинсии ду корманди довталаби Викиликс дар он кишвар муттаҳам мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, Ҷулиан Ассанҷ ин иттиҳомотро рад карда гуфтааст: «Марои барои нашри садҳо ҳазор санадҳои марҳамонаи дипломатҳои Амрико мавриди ҳадаф қарор додаанд. Ҷулиан Ассанҷ ҳоло ҳам ҳақ дорад, ба додгоҳи Олии Бритония ва ё додгоҳи таҷдиди назар шикоят барад.

Маврид ба ёдоварист, Асанҷро баъди дархости мақомоти Шветсия моҳи декабри соли 2010 дар Лондон дастгир карда буданд, аммо бо гузашти чанд моҳ бо гирифтани гаравпулӣ ва шарти тарк накардани макони муваққатии зист ӯро раҳо карданд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!