Дар ноҳияи Синои пойтахт, дар наздикии мактаби таҳсилоти умумии №66 ғоратгарӣ сурат гирифтааст.
Тибқи иттилои ВКД, ду шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз Комрон Бақозода, хонандаи синфи 9-уми литсейи муштараки тоҷикӣ-туркии ба номи Ҳоҷӣ-Камол 1-адад телефони мобилии тамғаи «Nokia -2630» ва 12 сомонӣ пули нақд, ҷамъ 300 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Пас аз баргузории як амалиёти вижаи мақомоти интизомӣ ноболиғон Бахтовар Азизови 16-сола, (истиқоматкунадаи кӯчаи Мушфиқӣ, хонаи 15), Бахтиёр Эмомов 17 – сола (сокини кӯчаи Маяковский), ки дар ҳеч куҷо таҳсил ва кор намекунанд, боздошт гардиданд. Маълум гашт, ки як рӯз қабл аз ин ҳодиса, ин ду нафар аз дасти ноболиғ Ҳодизода Шидфир Фариддунпур низ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Nokia -2670» ва 21 сомон пули нақд, ҷамъ ба маблағи 320 сомониро ғорат карда будаанд. Оиди ҳар ду далел парванда боз гардида, тафтиши қазия идома дорад.
Мӯҳр