Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 07:16

«Парлумони Ҷавонони Тоҷикистон» дар саросари кишвар мулоқотҳо доир карданист

3 ноябр 2011, 03:30

Таваҷҷўҳи ҳукумати ҷумҳурӣ ва қисмати зиёди созмонҳои байналмиллалӣ ва маҳаллӣ ба масъалаи ҳаёти ҷавонон ва саҳми онҳо дар рушди ҳамаҷонибаи кишвар рўз то рўз зиёд мегардад.


Бархе аз ин пружаҳо ва Парлумони Ҷавонони Тоҷикистон бевосита кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то маърифати шаҳрвандӣ ва фарҳанги сиёсии ҷавонон, омўзиши дақиқи системаи қонунгузории кишвар, принсипҳои асосӣ, қоидаву қонунҳои фаъолияти Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон, тарзу марҳилаҳои қабули қарору қонунҳо, рушди донишу малакаи мубоҳисаронии ҷавононро баланд бардорад.

 

Зимнан, дар ин росто чанде қабл чорумин иҷлосияи Парлумони Ҷавонони Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи намояндагии бунёди UNISEF дар Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди президенти ҷумҳурӣ дар толори Маркази тадқиқоти стратегӣ сурат пазируфт. Дар ин бора Эраҷ Саодатсайров, корманди дастгоҳи Парлумони Ҷавонони Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод. Ба қавли номбурда, дар ҷаласаи мазкур вакилони ҷавон яке аз масъалаҳои мубрами рўз: яъне сифати маорифи Тоҷикистон ва сабабҳои коҳиш ёфтани онро баррасӣ намуда, оиди саҳми ҷавонон дар рушди маорифи Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!