Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:44

Тоҷикистон дар 4 соли наздик 624 миллион $ қарз хоҳад гирифт

3 ноябр 2011, 04:19

Барномаи давлатии қарзгирӣ аз сӯи вакилони мардумӣ дар МН қабул гардид. карданд.


Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи кишвар зимни муаррифии ин лоиҳадар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон гуфт, ки барномаи мазкур барои солҳои 2012 ва 2014 буда, дар умум он 1 млрду  241 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ба маълумоти номбурда карзҳои берунаи давлатӣ бо мақсади таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бехатариии озуқаворӣ, баровардани кишвар аз бунбасти комуникатсионӣ ва ба даст овардани истиқлоли энержӣ равона карда мешавад. Ба қавли ӯ, ин тарҳ дорои 41 лоиҳаи қарзии амалкунанда буда, мӯҳлати пардохти он аз 12 то 40 сол пешбинӣ шудааст. Меъёри миёнаи пардохти қарзҳои беруна 0,15 ва 2 фоизи солонаро дар бар мегирад.

Сафаралӣ Наҷмиддинов афзуд, Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи 4 созишнома дар ҳаҷми 49 млн доллар, Бонки рушди Осиё дар доираи 6 созишнома 136 млн доллар, Бонки исломии рушд дар доираи 7 созишнома 167 млн доллар қарзи давлатӣ гирифтааст. Гуфта мешавад, ҳамчунин Бунёди Саудии рушд, бунёди Қувайт, Бунёди Абу Дабӣ, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки содироту воридоти Хитой ва дигар давлатҳо аз ҷумла қарздиҳандаҳои аслии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Аксари маблағҳои мазкур барои ислоҳот дар бахшҳои энержӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, хоҷагию манзилӣ комуналӣ ва маорифу тандурустӣ равона мешавад.

Маврид ба тазаккур аст, ки дар чорчуби ин пружа Тоҷикистон дар соли 2011- 167 млн доллар, соли 2012 – 197 млн доллар, 2013 – 150 млн доллар ва дар соли 2014 110 млн доллар қарзи давлатӣ хоҳад гирифт.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!