Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:35

Қурбонӣ

3 ноябр 2011, 04:24

Ҳикмати қурбонӣ дар нигоҳе зоҳирӣ барои ризои Худо гузаштан аз азизтарин шахс аст.


Бузургтарин иде, ки бузургтарин ҳикматро дар худ нуҳуфтааст. Ҳазрати Иброҳим (дуруд бар ӯ) дар хоб дид, ки Худованд ба ӯ мефармояд, ки ягона фарзандашро қурбонӣ кунад.  Халилуллоҳ фарзандашро ба қурбонгоҳ бурд, то амри Парвардгорашро анҷом диҳад. Ин ҷост, ки ҳикмати раҳмону раҳим будани Худованд ошкор мешавад ва барои ӯ ваҳй нозил мегардад, ки гӯсфанде фиристода хоҳад шуд, то қурбонӣ кунад. Бузургону хирадварзон даҳҳо тафсир бар ин ривоят баён доштаанд. Инҷониб ба ҳеч ваҷҳ дар ҷойгоҳе нест, ки иддаои тафсир бар он ривоятро дошта бошад. Беш аз ин шояд бардошти сиёсигуна аз ҳикмати беолоиши қурбонӣ кори савобе нест. Вале бар ин боварам, ки ҳама чиз, ҳам сиёсат, ҳам мансабу маснад, ҳам иқтисод, ҳам ҳукумат, ҳам аҳзоб… ҳама василае барои хизмат дар ростои саодати инсонҳост.

Ҳикмати қурбонӣ дар нигоҳе зоҳирӣ барои ризои Худо гузаштан аз азизтарин шахс аст. Аммо агар амиқтар ба он бингарем, дармеёбем, ки ризои Худои одил пеш аз ҳама барқарории адолат мебошад. Дар ин росто қурбон кардани чизҳои ба зоҳир зебо ва ширин мусалламан дар ростои ризои Худо ва халқи Худост. Оё ҳозирем чунин кунем?


Аз сӯи дигар ҳама падидаҳои нав таҷассуми дигаргунаи падидаҳои кӯҳан буду ҳаст. Табиист, ки қонунҳо низ аз ин қоида истисно нест. Агар мусалмонем ва ҳикмати қурбонӣ карданро дарк кардаем, ҳатман хоҳем дид, ки қурбон кардани манфиатҳои ба зоҳир зарурии худу пайвандони худ дар ростои саодати халқи Худо заминаи мустаҳкаме барои ризои Худост. Пас қабули қонунҳое барои мубориза алайҳи сӯистифода аз вазифа, фасоди моливу идорӣ ва манъ кардани пазириши наздикон ба кор аз сӯи мансабдорон ё нодида гирифтани ҳикмати азалии қурбонӣ аст ё бехабарӣ аз он. Гузашта аз ин мушкил  аст вазъро бо қурбон кардани як ду мансабдори радаи поён тағйир дод. Мубориза бояд решаӣ ва бунёдӣ бошад, то натиҷаи матлуб ба даст ояд. Бардоштани як ҳалқаи занҷири иллат ба ҳеч ваҷҳ боиси нобудии иллат нахоҳад шуд.


Саргузашти инсоният китобе саршор аз панд аст. Агар аз гузаштаҳои дур бигзарем, ҳамин ҳаводиси чанд соли ахир дар атрофи мо низ кифоят мекунад панде созанда барои худ бигирем. Аскар Акаев, Қурмонбек Боқиев, Ҳуснӣ Муборак, Бен Алӣ, Муаммар Қаззофӣ ва амсоли онҳо даҳҳо тани дигар, ки натавонистанд манфиатҳои ночизи худу наздикони худро дар ростои манфиатҳои миллат қурбонӣ кунанд, қурбони худхоҳӣ ва худкомагии худ шуданд. Ин вазъ ҳолатеро пеш овард, ки бегонагон дар ростои манфиатҳои худ ин шахсҳо ва муҳимтар аз он манфиати миллӣ, амнияту оромии кишварҳои онҳоро курбонӣ карданд. Ҳамакнун солҳои дарозе мебояд, ки мардуми он кишварҳо баҳои қурбонии худхоҳии он шахсҳову манфиатҳои бегонагонро бипардозанд.


Дар ин миён падидае намедонам ба номи мулоҳиза, тарс, камҳимматӣ, беҷасоратӣ, худхоҳӣ ё чизи дигар боис аст, ки мардоне дар баробари беадолатиҳо қад алам кунанду норасоиҳоро ҷасурона бигӯянд. Оё ҳастанд афроде, ки барои саодати мардум манфиатҳои худро қурбон кунанд? Албатта на дар шакли иддаоҳои пуч, балки амалан дар ин майдон талош варзанд. Ва беш аз ин ҳама оё мо ҳама сидқан хоҳони саодати мардум ҳастем? Пурсиши газандаест, не?



Зафари Сӯфӣ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!