Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 17:11

Зарифӣ: Нерӯҳои тахрибкор дар Афғонистон вазъро ноамн мекунанд

3 ноябр 2011, 05:29

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар Истамбули Туркия зимни баргузории конфронси марбут ба вазъи Афғонистон ширкат ва суханронӣ кард.


Ин ҳамойиш дар сатҳи вазирони умури хориҷаи чанд кишвар ва масъулини баландпоя таҳти унвони «Амният ва ҳамкорӣ дар қалби Осиё» ҷараён гирифт. Зарифӣ пас аз сипосгузорӣ аз давлати ташкилкунандаи конфронс гуфт, мо боварӣ дорем, ки нишасти имрӯза марҳилаи муҳиме дар роҳи барқарорсозии сулҳ ва амну субот, инчунин эҳёи шароитҳои мусоид баҳри рушди иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон хоҳад буд. Ҷониби Тоҷикистон  моҳият ва ҳадафи конфронсро, ки дар санади хотимавӣ инъикос гардидаанд, пуштибонӣ мекунад. Итминон дорем, ки қарорҳои зимни нишаст қабулшаванда ба манфиатҳои аслии Афғонистон ҷавобгӯ хоҳанд буд ва барои ба даст овардани сулҳу рушди устувор дар минтақаи “Қалби Осиё” нигаронида шудаанд.Ҳоло мо дар давраи тақдирсоз дар таърихи Афғонистон қарор дорем. Аз як тараф комёбии муайян дар фаъолияти зиддитеррористии қудратҳои ҳукуматӣ ва нерӯҳои байналмилалии амниятӣ ба назар мерасад, аз ҷониби дигар нерӯҳои тахрибкор тариқи содир кардани амалиётҳои террористӣ воқеан сулҳу суботро дар кишвар коста сохта, байни миллатҳои Афғонистон тафриқа меандозанд, то дар айни хуруҷи нерӯҳои беруна давлат ба ҷанги фарогири шаҳрвандӣ ҷалб карда шавад.

Зарифӣ афзуд, мо бори дигар омодагии худро дар мавриди минбаъд ҳам пешкаш намудани имкониятҳои марказҳои омӯзиши сарҳадчиён, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла Коллеҷи минтақавии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, тасдиқ мекунем.Дар айни замон Тоҷикистон ба омодакунии кадрҳои соҳибихтисос барои эҳтиёҷоти шаҳрвандии Афғонистон саҳми фаъол мегузорад. Имрӯз мо пешниҳод дорем, то дар қаламрави   Тоҷикистон Маркази гуногунсоҳаи касбӣ-техникӣ баҳри омӯзонидани мутахассисон барои ниёзҳои хоҷагии халқи Афғонистон бунёд шавад ва аз ҷомеаи байналмилалӣ ҷиҳати мусоидат дар татбиқи ин лоиҳа даъват ба амал меорем. Ҳамрохон Зарифӣ дар идомаи суханрониаш гуфт, мо боварӣ дорем, Конфронси панҷуми ҳамкориҳoи иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCА V), ки 26-27 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе зери сарпарастии ташаббуси «Роҳи Нави Абрешим» барпо мегардад ва дар ҳошияи он анҷумани соҳибкорон ва ҳамоиши олимону муҳаққиқон сурат мегирад саҳми арзандае ба ин раванд хоҳад гузошт.Тоҷикистон татбиқи тамоми лоиҳаҳои инфрасохтории минтақавиро дар соҳаҳои коммуникатсия ва нақлиёт, ки Афғонистонро дарбар мегиранд, пуштибонӣ менамояд. Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ва Афғонистонро панҷ пули автомобилгард аз болои дарёи Панҷ бо ҳам мепайвандад, сохтмони як пул дар ноҳияи Шӯрообод шурӯъ шудааст, сохтмони ду пули дигар дар мавзеъҳои Кокул ва Айваҷ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин илова кард, ки моҳи октябри соли равон ифтитоҳи расмии хати интиқоли барқи 220 кВ аз НОБ Сангтуда-1-и Тоҷикистон то шаҳри Пули Хумрии Афғонистон анҷом ёфт ва он имкони интиқоли қувваи барқи арзонро ба Афғонистон фароҳам меоварад.Новобаста ба ихтилофи назарҳо ва диди мухталиф ба услубҳои ҳалли масоил, зарурати таъҷилии пайдо ва қабул намудани қарорҳои якдилона бар нафъи пойдории амну субот дар Афғонистон вуҷуд дорад. Ин имконияти хуб барои таъсис додани василаи мусоид ҷиҳати татбиқи муассир ва созгори ин қарорҳо фароҳам меоварад. Мо бо шумо бояд на мушкилоту ҳадафҳои мағруру муғризонаи минтақавӣ ё миллиамонро, балки манфиатҳои мардуми азияткашидаи афғонро аввалиндараҷа шуморем. Аз қарорҳои имрӯз қабулшуда ва қарорҳое, ки дар Бонн қабул хоҳанд шуд, ояндаи вазъи тамоми минтақаи Осиё вобастагии бевосита дорад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!