Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:51

Ромодановский: Русия ба муҳоҷирони тоҷик бояд нафақа бидиҳад

3 ноябр 2011, 09:44

Константин Ромодановский, сардори  Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия  изҳор доштааст, ки айни ҳол аксари муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия  қонунӣ кор карда истодаанд.


Ба гуфтаи ў, дар давоми нўҳ моҳи соли ҷорӣ танҳо  аз  ҳисоби патенти муҳоҷирон ба буҷети субъектҳои кишвар  3 миллиард рубли русӣ ворид шудааст.

Ромодановский барои густариши фаъолияти қонунии муҳоҷирон, зимни як мусоҳибааш бо рўзномаи «Известия» пешниҳод кардаст, ки Русия барои муҳоҷирон бояд нафақа диҳад. Ба гуфтаи сардори Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, додани нафақа, ин як роҳи ҳавасмандкунии муҳоҷирони меҳнатӣ ба фаъолияти шаффофу қонунӣ хоҳад буд: «Мо бояд барои муҳоҷирон шароите муҳайё кунем, ки онҳо бихоҳанд, ки ба таври қонунӣ фаъолият кунанд. Масалан русиягиҳо манфиатдоранд, ки маоши «шаффоф» гиранд, то рўзе соҳиби нафақа гарданд. Метавонем, бо шаҳрвандони хориҷӣ низ чунин муносибат намоем».

Ин дар ҳолест, ки аз Тоҷикистон  дар Русия ҳудуди 1 миллион муҳоҷири меҳнатӣ кор карда, маблағи роҳикардаашон такягоҳи асосии иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбад ва то ҳол масъалаи нафақаашон дар ватан  пурра рушан нест.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!