Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:16

83 фойизи маҳсулоти нефтӣ ба Тоҷикистон аз Русия ворид шудааст

3 ноябр 2011, 10:08

Айни ҳол дар саросари кишвар 507 адад нуқтаҳои фурўши гази моеъ фаъолият дорад, ки назар ба соли гузашта 37 адад зиёд мебошад.


Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорати энергетика ва саноат иттилоъ доданд. Аз тарафи соҳибкорони ватанӣ ба ҷумҳурӣ дар давраи ҳисоботӣ 29704,0 тонна гази моеъ (ҶДММ «Тоҷирон» - 9012,4 тонна, Газпромнафт- Тоҷикистон -9954,0 тонна, ҶДММ «Зет - Газ» - 1838,0 тонна, ҶСП «Фароз» - 2173,8, соҳибкор Турсунов - 4550,0 тонна ва соҳибкор Ҳиҷибоев - 2175,8 тонна) ворид шудааст, ки назар ба соли гузашта 876,0 тонна зиёд мебошад,-афзуд манбаъ.

Воридоти маҳсулоти сӯзишворӣ бошад, тайи нӯҳ моҳи соли равон 333 567 тоннаро дарбар гирифтааст, ки аз он:

Бензин 160. 970 тонна;

Сўзишвории дизелӣ                                              108. 653 тонна;

Сўзишвории реактивӣ 45. 154 тонна;

Мазут                                                                            4. 820 тонна;

Битум                                                                            5. 608 тонна;

Равғанҳои молиданӣ                                                 8. 350 тонна;

Дигар намудҳои маҳсулоти нафтӣ                               12 тонна

Маврид ба тазаккур аст, ки ин миқдор маҳсулоти нафтӣ аз кишварҳои: Русия (278. 055 тонна (83,4%);  Қазоқистон (7. 363 тонна (2,3%); Туркманистон (40. 440 тонна (12,1%);  Қирғизистон, (1 813 тонна (0,5%); Ӯзбакистон (2. 725 тонна (0,9%); аз дигар давлатҳо (3. 171 тонна (0,8%) ворид гаштааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!