Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 26 июл 2017, 17:40

Қӯрғонтеппа: Аз назди тарабхона мошини сабукравро дуздиданд

3 ноябр 2011, 12:05

Нақлиёти сабукрави тамғаи «Опел» дар шаҳри Қӯрғонтеппа рабуда шуд.


Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд. Бино ба қавли манбаъ, ҳодисаи дуздӣ дар назди тарабхонаи «Миршаб» ба вуқӯъ пайвастааст. Шаҳрванд Талбакови 48-сола, сокини ноҳияи Вахш, хоҷагии Ленинград дар ин маврид ба мақомоти интизомӣ шикоят бурда гуфтааст, ки Фаррух ном шахс нимашаб мошини ӯро соҳибӣ карда, ба ҷои номаълум бурдаааст.

Зимни баргузории як амалиёти вижа, кормандони милиса Фаррух Ҳоҷиматови 26-сола,    сокини ноҳияи Вахш, кӯчаи Ладигина, хонаи 7 «а»-ро боздошт карданд. Ба иттилои манбаъ, номбурда қаблан доғи судӣ дошта, пеш бо моддаҳои 140, 141  кодекси ҷиноӣ аз озодӣ маҳрум гардидааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!