Бахшҳо

Шарҳи расмии боздошти сокинони Роғун: Барои ифротгароӣ ва шоҳидӣ...(АКСУ ВИДЕО)

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 10 март бо нашри як изҳорот боздошти гуруҳи сокинони шаҳри Роғунро шарҳ додаст.

Тибқи иттилоияи ин ниҳод, ки дастраси “Озодагон” шуд, чанде аз сокинони шаҳри Роғун барои шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгароӣ-экстремистӣ дастгир ва баъзеи дигар барои бозпурсӣ ҳамчун шоҳид ба сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ даъват карда шудаанд.

Вазорати умури дохилӣ таъкид мекунад, ки хабари расонаҳо дар мавриди таҷаммӯи наздикони боздоштшудаҳо дар назди шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ асос надорад: “Касе аз пайвандону наздикони онҳо дар назди ШВКД ноҳияи Фирдавсӣ ҷамъ наомадаанд ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҷамъшавии ғайриқонуниро манъ намудааст, ки инро мардум медонанд”.

ВКД таъкид намудааст, ки чораҳои андешидашуда аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таъмини амнияти шаҳрвандон, тинҷию осудагии мардуми Тоҷикистон равона гаштааст.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 9 март як гуруҳ аз сокинони шаҳри Роғун дар назди Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе гирди ҳам омадаанд.

Хабарнигори "Озодагон" мегӯяд, бештари ин афрод занҳо буда, бо мақсади муайян кардани ҷойи нигаҳдории наздикони боздоштшудаашон ҷамъ шудаанд. Яке аз ин занҳо ба хабарнигори мо гуфт, чор рӯз мешавад, даҳҳо ҷавонро аз шаҳри Роғун ва рустои Қалъаи Нав боздошт ва ба Душанбе интиқол додаанд: “Мо аз ҳоли онҳо хабардор нестем. Гуфтанд, ки онҳоро ба ШКД-и Фирдавсӣ овардаанд. Ҳоло барои аниқ кардан омадем”.

Пайвандони ҷамъомада мегӯянд, дасти кам 35 ҷавон боздошт шудааст: "Аз баъзе хонаводаҳо то се нафарро ҳам боздошт кардаанд".

Яке аз дигар занҳо гуфт, афроде бо либоси мулкӣ писарони 27 ва 29-сола ва набераи 19-солаашро бо худ бурдаанд: “Салафӣ гуфта бурданд. Мо ба куҷо равем, ба кӣ арз кунем? Хӯрокҳои овардаамонро гирифта, фарзандонамонро нишон намедиҳанд. Фаҳмидем, ки имрӯз онҳоро ба “СИЗО” мебаранд. Чор рӯз шуд ҳаминҷо мунтазирем, ки як хабар аз фарзандонамон фаҳмем, вале касе аз ҳоли мо намепурсад”.

Сару садоҳое низ ҳаст, ки ин афрод барои гузоштани риш дастгир шудаанд, аммо ба гуфтаи як зан аз деҳаи Қалъаи Нав, писараш умуман риш надошт. “Милисаҳо ба хонаи мо омада, писарамро бурданд. Гуфтанд, дар “пост” як чизро мепурсему гирифта меорем”.

Ҳуринисо, яке аз дигар занҳои ҷамъшуда гуфт, сабаби боздошти писари 24-солааш, ки мактаби низомиро хатм кардааст, барояш норӯшан аст: “Ман соҳиби 7 писар ҳастам. Ду писари дигарам низ дар мактаби ҳарбӣ таҳсил доранд. Барои чӣ намегӯянд, ки сабаби боздошти бачаҳои мо дар чист? Мо гуреза нестем, чаро ин корро мекунанд, магар ҳоло ҳамин гуна қонун аст? Ман писарамро хононда, гуфтам, ки хидмати президентро кунад, нагуфтам, бачаи гуштингири маро боздошт кунанд. Ман ҳамчун модар мегӯям, агар фарзанди ман гунаҳкор бошад, давлат ҷазояшро диҳад, вале чаро бе ягон сабаб писарони моро оварда, ҳатто дар куҷо буданашонро намегӯянд?”



Як зани дигар гуфт, писари 19-солаи хоҳарашро аз дохили ҳаммом боздошт кардаанд: “Хоҳарам мисли девона шуда, дар беморхона аст. Қасам хӯрдааст, ки агар ба писараш ягон кор шавад, худашро дар назди ягон идора оташ мезанад. Ҷияни ман як ҳарфи мусалмониро намедонист”.

Ӯ афзуд, “орд надорем, гурӯсна ҳастем, ду писарам дар замин побел доштанд, ки нафарони номаълум омада, онҳоро худ бурданд”. Бархе аз ин занҳо ҳамроҳи кӯдакони хурдсолашон назди ШКД омадаанд.

Қаблан, сокинони шаҳри Роғун аз боздошти чанд ҷавоне аз сӯи маъмурони пулис хабар доданд, ки соҳиби фурӯшгоҳҳо будаанд. Навбатдори пулиси Роғун имрӯз, 9 март дар як суҳбати кутоҳи телефонӣ ба “Озодагон” хабари боздоштро тасдиқ кард, аммо гуфт, тафсилоти онро аз Вазорати корҳои дохилӣ пурсед. Талошҳо барои тамос бо масъулини ВКД то ини лаҳза бенатиҷа буданд.


Шарҳи расмии боздошти сокинони Роғун: Барои ифротгароӣ ва шоҳидӣ...(АКСУ ВИДЕО)

Шарҳи расмии боздошти сокинони Роғун: Барои ифротгароӣ ва шоҳидӣ...(АКСУ ВИДЕО)

Шарҳи расмии боздошти сокинони Роғун: Барои ифротгароӣ ва шоҳидӣ...(АКСУ ВИДЕО)
Мӯҳр
шахрванд
"Озодагон"-и мухтарам, дар сарлавха ТАЧАМУ менависеду дар матн гирди хам менависед. Ин калимаи тачаму-ро аз кучо дар ефтед? Ва боз як нофахмои, охир дар Точикистон полис нест ку, милиса хаст.

МЕХМОН дуруст кайд кард. Ин тачаммуъ нест, танхо наздикони он чавонхо омадаанд, ки аз авхоли онхо бохабар шаванд. Он каси гирдихамои мекунад, онро як соат пас бурда паси панчара мекунанд.

Ана аз дасти чавонони фаъол чикорхо меояд,

bale in qonunshikaniho az tarafi vazoratho nishonai onro medihad ki dar tojikiston qonun nest vale muhimash onast ki on odamon ba kadom holat giriftoran! ?(((

bale in qonunshikaniho az tarafi vazoratho nishonai onro medihad ki dar tojikiston qonun nest vale muhimash onast ki on odamon ba kadom holat giriftoran! ?(((

Эй мардум и чигап шудай и макомотора мардума мегирану мебаран бе ному нишон. Мувофики конун вакто, ки касеро боздошт мекунанд бояд ба ахлу байташон сабаби боздошташонро гуянд. Хато ба онхо занги телефони хукук дода мешавад. Чи хел шахрвандонро дошта мебаранду волидонашон ягон хабаре аз онхо надоранд. Ин конуншикани мебошад.

шахрванд,
Оре дуруст аст, Озодагон, илтимос, забони моро вайрон накунед. Ягон точик калимаи тачамуъро намедонад ва истифода хам намекунанд. Ин услуби арабзадаи форсу афгони барои мардуми точик бегона буд ва мемонад.

Кулобҷон
Биҳишт зери қудуми модарон аст. Модари тоҷик зурай. Гуфтай ҳаму гапҳо гурда доранд гурда. Бечора модар мега гишнаем, нони хурдан надорем. Кампири модар бояд дар ин сину сол дар хонаш истироҳат мекард. Ҳаминқа давлатҳо гаштем монанди тоҷики асил надидам. Он ҳурмату эҳтиром, навозиш, меҳмоннавози ва фарҳанги бузурге, ки мардуми тоҷик дорад дар ягон миллат нест. Сад афсус, ки ҳама хислатҳои асили тоҷикӣ коста гашта истодааст.

Рогун
Мардуми бечора чунон зурашон омадааст аз зулми инхо мегуянд писарам аз мусалмони хеч из намедонист.

сухроб
ба фикрам ин тухфаи модарон дар идашон буд.

Бинанда
Ё мо кур шудему хоб мебинем ё ВКД! О ин нафароне, ки аз дируз боз наворхояшон пахнд шуд, дар саёраи Марс сабт карда шуданд ё дар назди ШКД-и Фирдавси?! Мардумро гулу гумрох нашуморед ВКД ба ин гуфтаатон: "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҷамъшавии ғайриқонуниро манъ намудааст, ки инро мардум медонанд"! О гурухи "Авангард" харруз митинг кардесан хичи гап намешавад ку????

егыти Кулоби
Ээ чонта гардм очачон, чони гапа гуфти, ооо хаму модари бечора гуфтесай, ку агар бачаш бар зидди давлату ягончи дига хестабоша судш кнен, неки бовари дорай ай бачаш ки ихел тарбия ёфтаги нест, оо барои чи агане то имруза махкамай... эээ ХУДОЧОН тоба кадамееее...
Ин чи шууурест дар ин даври камар мебинам,
Шахсони бегунохро дар пушти панчара мебинам...

мехмон
Дар хакикат дар мо сулху озоди худоро шукрона , лекин норасоии гизо дар кисми зиёди ахоли то хозир дида мешавад.

тоҷик
Эй бесавод! ту забони тоҷикии худатам намедонӣ.
О дар ҷилди дуввуми «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» дар саҳифаи 329 нигоҳ кун калимаи «таҷаммӯъ».

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)