Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 17:00

Хушхабар: Тошканд ҳам мавлуди Мирзо Турсунзодаро ҷашн гирифт

4 ноябр 2011, 04:00

100-солагии устод Мирзо Турсунзода, шоир ва ходими давлатии Тоҷикистон дар Ӯзбакистон таҷлил гардид.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии ВКХ иттилоъ доданд, ин чорабинӣ дар Маркази фарҳанги байналмилалии ҷумҳурии Ӯзбакистон сурат пазируфт.Ҳамзамон, Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии тоҷикони Ӯзбакистон, Бунёди фарҳанги тоҷики шаҳри Тошканд «Ориёно» ва сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тошканд ин ҳамойишро ҷонибдорӣ ва созмон доданд. Дар маҳфил аз вилоятҳои гуногуни ҷумҳурии Ӯзбакистон шоиру нависандагон ва аҳли илму ҳунар ширкат варзиданд.

Дар оғози маҳфил Н. Муҳаммадиев, раиси Маркази фарҳанги байналмилалии ҷумҳурии Ӯзбакистон гуфт, устод Мирзо Турсунзода таҷассумгари дӯстии бемисли ду халқи ҳамҷавору бародар мебошад.Дар ҷамъомад ҳамчунин, Ҳасан Қудратуллоев, раиси Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии тоҷикони Ӯзбакистон, Абдулло Субҳон, адиб – узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбакистон, Т. Тӯхтаев (Паймон), нависанда – узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбакистон, Файз Маҳмуд, шоир, Ҷаъфар Холмӯъминов, номзади илми фалсафа, сармуҳаррири маҷалаи «Сино», намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Тошканд ва дигарон дар бораи фаъолияти пурбори эҷодӣ, сиёсию иҷтимоӣ ва сулҳофаринии устод Мирзо Турсунзода маърӯза намуданд.

-Ғояҳои олии умумиинсонӣ – ҳифзи сулҳу субот, ҳимояи манфиатҳои аҳли заҳмат ва ҳамчунин таҳкими дӯстиву ҳамкории халқҳо дар ашъори устод Мирзо Турсунзода бо камоли истеъдод ва санъати сухан ифода ёфтаанд”,- қайд кард намояндаи сафорати ҶТ.

Манбаъ афзуд, дар назди ҳозирин аз он ҷумла Теша Мӯминов, ҳунарпешаи мардумии Ӯзбакистон шеъри маъруфи «Ҷони ширин»-ро қироат намуд. Ҳамзамон, Ахмедова Олмос Ғафуровна, духтари шоири барҷастаи Ӯзбакистон Ғаффур Ғулом, ки теъдоди зиёди ашъори устод Мирзо Турсунзодаро ба забони ӯзбакӣ тарҷума кардааст, сӯҳбатҳо ва вохӯриҳои худро бо устод Мирзо Турсунзода ба хотир овард. Хонандагони мактаби таҳсилоти умумии № 25 шаҳри Чирчиқ порчаҳо аз ашъори устод Мирзо Турсунзодаро қироат намуданд. Гулчеҳра Бақоева ва А. Шодмонов, овозхонҳои шинохтаи Ӯзбакистон бошанд, бо сурудҳои дилангези худ хотири ҳозиринро болида гардониданд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!