Бахшҳо
04 ноя 2011 04:24Сиёсат

Интихоботе, ки натиҷааш аз қабл маълум набуд

Қирғизистон дар 20 соли истиқлолияташ бори чорум соҳиби президент мешавад. Дар ҳоле, ки курсиираёсатҷумҳурии бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин муддат "билоиваз" боқӣ мемонад.


Рақибон натоиҷи интихоботро эътироф намекунанд

Алмосбек Отамбоев, нахуствазири собиқи Қирғизистон, ки ба хотири ширкат дар сабқати президентӣ аз мақомаш канор рафта буд, барандаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ эълон гардид. Тибқи иттилои комиссияи интихоботии Қирғизистон ба ҷонибдории Алмосбек Отамбоев беш аз 63 дар сади овоздиҳандаҳо райъ додаанд. Аммо рақибонаш гуфтаанд, ки натиҷаҳои овоздиҳиро эътироф нахоҳанд кард. Барои курсии президентӣ дар Қирғизистон 16 нафар талош мекард. Адахон Мадумаров, сухангӯи пешини парлумон ва пешвои ҳизби "Қирғизистони воҳид" ва Қамчибек Тошиев, вазири собиқи вазорати ҳолатҳои фавқуллода, раиси ҳизби "Ота-Ҷурт" рақибони аслии Отамбоев маҳсуб мешуданд. Онҳо ҳудуди 15 дар сади райъҳоро ба худ ихтисос додаанд. Муддаиёни дигар беш аз 1 фисадӣ овоз нагирифтанд. Рақибони Отамбоев изҳор кардаанд, ки интихобот бо тақалуб омехта буд ва қонуншиканиҳои зиёде дошт. Ба иддаои онҳо ҳазорон нафар номи худро дар рӯйхати шаҳрвандони дорои ҳақи райъ наёфтаанд, дар ҳоле, ки аз ин пеш дар интихоботҳо чандин маротиба овоз дода буданд. Гуфта мешавад на танҳо шаҳрвандони оддӣ балки ашхоси маъруфи қирғиз ҳам натавонистаанд овоз бидиҳанд, зеро номашон дар рӯйхати интихобкунандаҳо набудааст. Ба иттилои расонаҳои хабарӣ  яке аз инқилобчиёни асосии Қирғизистон Азимбек Бекназаров, ки дар сарнагунии Акаев ва Боқиев нақши муассир доштааст, аз ҷумлаи онҳост. ӯ гуфтааст: "Ба монанди ман даҳҳо нафари дигар буданд, ки натавонистанд райъ диҳанд". Ҳамчунин рақибон гуфтаанд, ки бархе аз қитъаҳои райъ ҳолатҳои партофтани варақаҳои интихоботиро сабт кардаанд. Нахуствазирро бо он гунаҳкор мекунанд, ки аз мақоми худ истифода кардааст, мақомоти қирғизро бошад дар фишор болои мансабдорон, донишҷӯён, низомиён ва кормандони бахши буҷавӣ барои ба ҷонибдории Отамбоев райъ додан, муттаҳам мекунанд. Аммо нозирони маҳаллӣ ба расонаҳои хориҷӣ гуфтаанд, ки ин камбудиҳо ба натиҷаи ниҳоии овоздиҳӣ таъсир гузошта наметвонист. Қамчибек Тошиев гуфтааст, бо ин рафтор мақомоти кишвар аз "ниёгонашон" мисли президентҳои собиқ Аскар Акаев ва Қурмонбек Боқиев пеш гузаштанд. "Мо пирӯзии Алмосбек Отамбоевро эътироф намекунем ва бо ҳисоби мо бояд даври дуюми интихобот баргузор шавад", -изҳор доштааст раҳбари ситоди интихоботии Ташиев Нурғозӣ Анорқулов. Номзади дигар ба мақоми президентӣ Қубатбек Байболов даъват кардааст, ки комисияи марказии интихоботро ба истеъфо гусел кунанд. Байболов гуфтааст, як гурӯҳ аз номзадҳо аз ҷумлаи худаш, Адахан  Мадумаров, Муратбек Иманкулов, Кубанчбек Исобеков, Камчибек Ташиев, Сооронбой Дийканов ва Қурмонбек Осмонов барои таъсиси комиссияи мустақил талош мекунанд, ки қонуншиканиҳои интихоботро меомӯзад.

Ба гуфтаи рақибони Отамбоев аз эътибор соқит кардани эътирози онҳо, метавонад кишварро бори дигар ноором кунад. Пан Ги Мун, дабири кулли СММ зимни изҳороте аз сиёсатмадорони қирғиз хостааст, ки ҳама низоъҳоро аз роҳи қонунӣ ҳаллу фасл кунанд. Ин дар ҳолест, ки ҳайати нозирони САҲА аз интихоботи Қирғизистон истиқбол кардаанд. Дуруст аст, ки гуфтаанд, он аз камбудиҳо орӣ набуд.

Отамбоев ба чӣ муваффақ мешавад?

Отамбоев акнун шаш соли оянда дар курсии президентӣ мешинад.

То замони номнависии номзадҳо Отамбоев курсии нахуствазириро дар ихтиёр дошт. Баъдан аз вазифа ба манзури мубориза барои курсии раёсатҷумҳурӣ истеъфо дод. Пирӯзиро ба Алмосбек аллакай чандин чеҳраи маъруфи ҷаҳон шобдош гуфтаанд. Барак Обама, президенти ИМА интихоботи Қирғизистонро "демокративу осоишта" унвон кардааст. "Мардуми қирғиз дар роҳи демократия гоми муҳим ниҳода, пуштибонии худ аз интиқоли осоиштаи қудратро намоиш доданд",-омадааст дар изҳороти раҳбари Қасри Сафед. Ҳиллари Клинтон, котиби давлатии ИМА низ ба интихоботи Қирғизистон бетаваҷҷӯҳӣ накардааст. Дар изҳороти Клинтон гуфта мешавад, ки дар маҷмӯъ интихоботи Қирғизистон бо риояи ҳамаи принсипҳои зарурии демократӣ баргузор шуд. "Аммо қонуншиканиҳои ҷудогона буданд ва аз мадди назар орӣ мондани онҳо нодуруст аст. Ман аз комиссияи марказии интихобот даъват мекунам, маълумотҳоро омӯхта ба онҳо муносибати воқеӣ нишон диҳад",-гуфтааст котиби давлатии Амрико.

Отамбоев дар курсие мешинад, ки қабл аз ӯ дар ихтиёри Роза Отунбоева, аввалин зани президент дар Осиёи Марказӣ буд. Аммо Отунбоева муваққат дар он менишаст, зеро баъди инқилоб дар Қирғизистон райисҷумҳури қонунӣ Қурбонбек Боқиев моҳи апрели соли 2010 фирор кард ва ҳукумати нав тасмим гирифт, ки барои кишварашон низоми парлумонӣ мувофиқтар аст. Ҳамин тур Розахонумро то баргузории интихоботи президентӣ дар курсии холишуда шинонданд. Боқиев ҳам, ки аз роҳи инқилоб сари қудрат омада буд, бо инқилобе рафт. ӯ қудратро аз дасти Аскар Акаев гирифт ва дар ниҳоят маҷбур шуд, ки ҷонашро аз курсӣ болотар дониста фирор кунад.

Интихоботи монанд ба интихобот

Ба интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон таваҷҷӯҳ ҳам кишварҳои ҳамсояи он ва ҳам абарқудратҳо андак набуд. Нахуст барои он ки теъдоди муддаиён зиёд буданд ва баъзе соҳибназарон эҳтимоли аз нав аланга гирифтани оташи низоъҳои қавмиро пешгӯӣ мекарданд. Гузашта аз ин қудратҳо- ИМА ва Русия барои он ба ин маърака бетараф набуданд, ки дар ин кишвар пойгоҳҳои низомии худро доранд. Ба гуфтаи коршиносон ҳар яке аз қутбҳо мекушанд, ки таваҷҷӯҳи раҳбари Қирғизистонро ба худ ҷалб кунанд. Дар ҳамин маврид ба гуфтаи бархе соҳибназарон Алмосбек Отамбоевро Маскавгаро медонанд. Ба гуфтаи онҳо президенти нав барои тавсеаи муносибатҳои Бишкек бо Кремл талоши бештар хоҳад кард. Таҳлилгарон мегӯянд, Отамбоев маҳз бо ишораи Маскав изҳор намуд, ки Қирғизистон қарордодашро бо ИМА ҷиҳати ҳузури пойгоҳи низомияш тамдид намекунад. Ба навиштаи ВАО тақдири Қирғизистон бешак ба Русия иртиботи мустақим дорад, зеро даҳо ҳазор шаҳрвандаш онҷо ризқу рузӣ меёбанд. Гузашта аз ин ба гуфтаи коршиносон дар сурати зарурӣ Русия аз ин нерӯ ба сифати фишанг истифода мекунад, чунон ки Маскав ин қартаро дар нисбати Тоҷикистон зиёд истифода мекунад.

Ҳар чӣ ҳам буд, аввалин интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Қирғизистони низомаш парлумонӣ поён ёфт. Дар мавриди низом низ гапҳо андак нест. Русия, ки дар гузашта ба низоми парлумонӣ гузаштани Қирғизистонро "ретсепти фоҷеа" унвон карда буд, ба назар мерасад, ҳоло аз он ҷонибдорӣ мекунад.

Новобаста ба таққалубҳо, новобаста ба он ки Қирғизистон акнун худро ба оғӯши кадом қудрат мепартояд, аксари соҳибназаронро ин нукта хуш омадааст, ки маъракаи интихоботии Қирғизистон дар 20 соли охир ягона интихоботе дар доираи кишварҳои пасошӯравӣ буд, ки натиҷааш аз қабл маълум набуд.

Абдулазизи Восеъ{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)