Бахшҳо

(ВИДЕО) Саймиддин Дӯстов: Аз телевизионҳои тоҷик шарм мекунам (ИДОМАИ БАҲСИ БЕШТАР)

Матбуот. Расонаҳо. Аз инҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон шинохти гуногун вуҷуд дорад. Баъзеҳо оппозитсиюни ҳукуматашон меноманд, баъзеҳо ёвари он. Ҳақиқати ҳол чист? Вазъи имрӯзаи расонаҳои Тоҷикистон чӣ гуна аст? Барои баррасӣ ва посух ба ин суолот барои як баҳси бештар ба дафтари “Озодагон” яке аз таҳлилгарони варзидаи Тоҷикистон ва соҳибрасонаи тоҷик Саймиддин Дӯстовро даъват кардем.


ҚИСМАТИ АВВАЛ

ҲЕЧ ГОҲ НОНХӮРИ ЖУРНАЛИСТИКА НАБУДАМ

Озодагон: Яке аз нуқтаназарҳои мунтақидон ин аст, ки аксари соҳибрасонаҳои мо аз ҳисоби фаъолияти расонаӣ соҳиби дороиҳо шуданд, соҳиби чандин хонаву бӯстонсароҳо шуданд, аммо дар пардохти ҳақмузди коргарони худ таъхир мекунанд ва барои коргарони худ ҳақмузди бисёр ночизе медиҳанд.

Саймиддин Дӯстов:
Масъалаи фонди маоши журналистӣ яке аз масъалаҳои муҳим аст барои журнализми тоҷик. Ман аз рӯзе, ки соҳибрасона шудам дар ин масъала нигоҳи ҳамеша дигар доштам. Нигоҳи мо ин буд, ки ин мардум як маоши муносиб бояд дошта бошанд. Соли аввал барои таъсиси “Нигоҳ” хуб дар ёд дорам, ки аз ҳисоби сармоягузориҳои худ 43 ҳазору 600 доллар харҷ кардам. Яке аз бародарҳоям, ки ҳоло ҳам хона надорад, як бор аз ман интиқод кард, ки “ако, Шумо ҳадди ақал пули 13 манзил дар Душанберо барои расонаҳотон сарф кардед”.

Ман аслан наметавонам дар бораи онҳое гӯям, ки соҳиби қасру кушкҳо шудаанд, чун ҳамингунаҳоро намедонам. Албатта як хонаҳое сохтаанд, як гуна манзилҳое доранд, вале бояд бидонем, ки дар журналистикаи тоҷик нафароне ҳастанд, ки журналистика барояшон тиҷорат аст. Онҳо расонаҳои тиҷоратӣ доранд. Вале дар бахши расонаҳои иттилоотӣ-сиёсӣ тақрибан ин гуна одамҳо нестанд. Бо фарқ аз кишварҳои дигари пасошӯравӣ, мисли Гурҷистон, Укроин, кишварҳои соҳили Балтик, Қазоқистон ва ҳатто Қирғизистон дар мо расонаҳоро на гуруҳҳои моливу саноатӣ, балки худи журналистон ва нафароне, ки ё ҳадафҳои сиёсӣ доранд ва ё мисли банда маорифпарварӣ таъсис медиҳанд. То соли 2013 андозаи маоши журналистон тадриҷан боло мерафт, вале бо баъд шудани вазъи иқтисодиву сиёсӣ баръакс шуд, ки нигаронкунанда аст. Аз пешниҳодоте, ки дар Анҷумани тозаи Иттифоқи журналистон шуд, яке аз пешниҳодоти “Нигоҳ” ҳам ин буд, ки ҳукумат дар ин масъала бояд бознигариҳое дошта бошад ва расонаҳоро ҳадди ақал барои се сол таътили андоз бидиҳад ва барои ҳар як ҷойи кори наве, ки дар расонаҳо офарида мешавад барои ду ё се сол аз андозҳо озод намояд.



Озодагон: Шумо бо ин ки ҳудуди 10 сол мешавад дар бозор ҳастед, метавонед бигӯйед, ки расонаҳоятон худкифо шуданд ва ё аз расонаҳоятон сарват ба даст овардед?

Саймиддин Дӯстов:
Борҳо ба ҳайси як нафари прогматик ҳисоб кардаам, ки дар тӯли ин солҳо ҳеч гоҳ нонхӯри журналистика набудам.

Озодагон: Нондеҳ будед?

Саймиддин Дӯстов:
Наметавонам бигӯям, ки нондеҳ будам. Аз нигоҳи ахлоқӣ инро намехоҳам бигӯям. Ҳарчанд сару садоҳоеро мефаҳмам, ки Дӯстов ин карду он кард ва чун дар бораи ман сухан мекунанд аз 50-ву 60 ҳазор доллар кам сухан намекунанд. Расонаҳои мо баъзе аз солҳо худкифо буданд ва баъзе аз солҳо зарари молӣ меоранд. Вале гуруҳи расонаҳои мо бо фарқ аз расонаҳои дигари тоҷикӣ молҳои гуногуни иттилоотӣ: шурӯъ аз мониторинг, консалтинги истротежик, машваратҳои реклом ва матлабҳои хуби тарғиботӣ, тадқиқоти журналистӣ ва чандин номгӯйи молҳои пулакии иттилоттӣ пешниҳод мекунад, ки асоси фаъолияти мо мешавад. Аммо дар ду соли наздик аз муҳити расонаӣ фоида гирифтан номумкин аст, вале ба ҳар ҳол омодаам ин расонаҳоро маблағгузорӣ кунам. Чун дар доираи ҳадафҳои маорифпарвонае, ки дунбол мекунам ва шояд аз ҳамин роҳ аз худ шахсият месозам, омодаам ин харҷҳоро бикунам.

Озодагон: Дар ҳамин вазъи ноҷӯри иқтисодиву сиёсие, ки вуҷуд дорад ва ҳам дорем дар борааш суҳбат мекунем ҷомеа аз журналистон, аз расонаҳои мо талаботи дигар дорад. Чизи бештар, иттилооти бештар мехоҳад. Бо пӯшиши додани вазъ мавзеъгирӣ дар баробари масоили сиёсӣ ва стратегии давлат мехоҳад. Оё ҳамин талаби ҷомеа, вобаста ба ҳамин вазъ мантиқӣ ҳаст ё не?

Саймиддин Дӯстов:
Фикр намекунам, ки ҷомеаи мо ҳамчунин фармоиши иҷтимоӣ дошта бошад.

Озодагон: Мушкилоти расонаҳо ҳамчунин бастагӣ дорад ба низоми расонаии Тоҷикистон ва бештар бастагӣ дорад ба низоми сиёсӣ. Вале яке аз масъалаҳои асосӣ дар роҳи рушди озодии баён ин аст, ки давлат дар ихтиёри худ расонаҳои зиёде дорад. Агар баргардем ба назарияи журнализм, назарияи озодии баён асоситарин унсури озодии баён ин аст, ки расонаҳо бояд аз ҳокимияти иҷроия озод бошанд. Аммо дар мо вазъ ҳамон гунаест, ки мебинем.

Саймиддин Дӯстов:
Дар мо бинобар тафаккури коммунистӣ доштани идеологҳои ҳукуматӣ ва худи марказҳои қабули қарор ҳеч гоҳе намехоҳанд озодии баён таъмин бошад, бараъкси муғулҳо, ки қонуни расонаҳояшон аз 4 модда ва 6 ҷумла иборат аст. Бубинед, Афғонистони ҷангзада, имрӯз телевизиони “Тулӯъ” мағзҳои тоҷикиро тасхир карда, нақшеро, ки дар забономӯзӣ ва ҳифзи арзишҳо дорад болотар аз ҳама расонаҳои ҳукумат аст.



5-6 НАФАР НАМЕТАВОНАД МИЛЛАТСОЗӢ КУНАД

Озодагон: Ин муқаддимае гуфтам бармегардад ба низоми телевизион дар Тоҷикистон. Шумо аз низоми телевизион, ки шакл гирифтааст ва умдатан мавқеъ ва аҳдофи ҳукуматро ҳамин телевизионҳо таблиғ мекунанд ва то як андоза ҳукуматро ба мардум муаррифӣ мекунанд, розӣ ҳастед ё не?

Саймиддин Дӯстов:
Ман ҳамчун тоҷик аз телевизионҳои тоҷик шарм мекунам. Ман шарм мекунам, ки баногоҳ аъробие бисёр таваҷҷуҳ кунаду гуфтаҳои бахши арабии телевизонҳои Тоҷикистонро бишнавад. Ё русе бештар аз ду дақиқа барномаи русии ахбори Шабакаи аввалро бубинад. Ин телевизион боиси шармандагии мост ва ҳам баёнгари он аст ки то куҷо сиёсати кадрӣ ва идеологии ҳукумат заъф дорад. Ҳамчунин нишон медиҳад, ки ин ҳукумат омода нест, ки зарфиятҳои ақлонии ин миллат дар хидмати ҳукумат ва давлатдории миллии тоҷикон бошанд. Мутаассифона ман фикр мекунам, ки телевизиони Тоҷикистон аслан барои як кас барнома таҳия мекунад ва ин шояд ягона телевизион дар дунёст, ки сеткаи телевизионӣ надорад. Ҳар барномаеро, ки хоҳанд аз ҳар куҷои он қатъ мекунанд ва сабабш ҳам маълум аст. Ё ин нафар занг задааст ё ун нафар ё либоси касе маъқул нашудааст ё гуфтаи касе.

Озодагон: Президент дар маросими ифтитоҳи ду шабакаи нави телевизионӣ изҳор дошт, ки журналистони телевизион маҳорати пасти касбӣ доранд ва бояд дар корашон тағйирот ворид кунанд. Агар ҳамин тағийроти ТВ-ро бар гардани Шумо бизананд, аз чӣ сар мекунед?

Саймиддин Дӯстов:
Аз мутақоид кардани Президент, ки телевизиони миллӣ бояд дар хидмати халқ бошад, на ҳукумати иҷроия ва пешниҳоди стротежии рушди телевизиони миллӣ барои 6-8 соли наздик.

Озодагон: Мо дар ин авохир шоҳиди як тарҳи қонуни бисёр пурсарусадо ҳам шудем, ки ба мақомоти гуногун салоҳият медод контроли расонаҳоро дар ихтиёр бигиранд, вале парлумон ин тарҳро бозпас гардонд. Фикр мекунед, пушти ин тарҳ кадом гуруҳҳое истода баданд?
Саймиддин Дӯстов:
Пушти он тарҳ Вазорати фарҳанг меистод. Гуруҳе аз заъифии вазиру вазъи сиёсӣ сӯистифода карда, хостанд расонаҳои мустақилро таслими худ кунанд, аммо ба муқовимати шадид рӯбарӯ шуданду муваффақ нагаштанд.

Озодагон: Оқои Саймиддин, фикр мекунам бо ин суҳбате, ки доштем тавонистем рӯйи асоситарин мушкилоти муҳити расонаии Тоҷикистон суҳбат кунем, умед мекунем ва умедвор ҳастем, ки дар Тоҷикистон муҳити солими расонаӣ шакл бигирад ва фарҳанги солими расонаӣ ба вуҷуд биояд. Расонаҳо ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ, ҳамчун институтҳои миллии таъсиррасон битавонанд дар марҳилаи гузор дар ташаккули давлати миллии мо, милатсозии мо нақши созанда ва дуруст дошта бошанд. Ба унвони охирин суол, метавонед 5 журналисти қавии тоҷикро номбар кунед? Агар имкон бошад бо номҳояшон.

Саймиддин Дӯстов:
Аввал ин ки бо истифода аз фурсат мехоҳам кулли журналистони тоҷикро ба иди касбӣ – Рӯзи матбуот муборакбод гӯям. Мо аз миллатҳое ҳастем, ки ниҳодсозӣ аз ҷанбаҳои қавии мо нест. Мутаассифона, мо ҳамеша ба фардҳо такя мекунем, ки ин яке аз заъфҳои мост. Такя ба институтҳо давлатҳо ва миллатҳоро муваффақ мекунад. Такя бояд рӯйи ин бошад, на рӯйи шахсиятҳо. Навобаста ба ин, дар ҳамин муҳите, ки дорем, бо ин ҳама маҳдудиятҳои сиёсиву иқтисодиву иҷтимоиву равоние, ки вуҷуд дорад ва ин ки 60-70 нафар заҳмат мекашанд ва матбуоти миллӣ месозанд ин кор шоистаи таҳсин аст. Акасарияти ин нафарҳо барои ман қаҳрамонанд. Ман намехоҳам аз 5 нафар ном бубарам, чун наметавонам аз 50 ё 500 нафари онҳо ном бубарам. Вале инҳо бояд қадрдонӣ шаванд. Ва ҳатто умед ҳам дорам. Ҳоло ҳамин ҷашни 25-солагии Истиқлол, ки мо дорем ҳамон гуна, ки 100-солагии матбуот тавонист ба як қуллаи муносибатҳои ҳукумат ва расонаҳо табдил шавад, метавонад дар ин муносибот калидӣ бошад. Ин шанси хуб ҳам барои ҳукумат аст ва ҳам барои расонаҳо аст, ки кушишҳои умумӣ дошта бошанд. Миллатсозӣ кушишҳои умумимиллиро тақозо мекунад, як ё ду ва 5-6 нафар наметавонад миллатсозӣ кунад. Ин ҷомеаи мост ва ҳар яки мо бояд саҳм бигирем.

Озодагон: Мо ҳам ба ин умеде, ки Шумо эътимод доред, ба суҳбати худ хотима медиҳем ва умедворем, ҳукумат ба ин тафаккур, ба ин пиндор бирасад, ки аз расонаҳо ба унвони ниҳоди миллӣ истиқбол кунад.

Саймиддин Дӯстов:
Ташаккур

Суҳбати Иршод СУЛАЙМОНӢ


ШАРҲИ ҲОЛ

(ВИДЕО) Саймиддин Дӯстов: Аз телевизионҳои тоҷик шарм мекунам (ИДОМАИ БАҲСИ БЕШТАР)Дӯстов Саймиддин Ашӯрович. Соли 1972 таваллуд шудааст. Мактаби миёнаро бо медали нуқра ва факултаи зооинженерии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо дипломи сурх хатм кардааст. Фориғутаҳсили факултаи идораи давлатӣ ва шаҳрдории Донишгоҳи давлатии Челябински Русия.
Солҳои 1994-1996 яке аз муассисон ва директори ширкати истеҳсолию – тиҷоратии “Самак энд С” буд. Солҳои 1998 корхонаи истеҳсоли нони “ДокаС – хлеб”-ро дар Русия фаъол карда, то соли 1999 роҳбарии онро бар уҳда дошт.
Солҳои 1999-2005 муассис ва роҳбари Маркази тиҷоратии “ИЛОНА”, 2002-2005 муассис ва роҳбари Маркази ҳамкориҳои тиҷоратӣ дар Русия.
Соли 2002-2006 ҳаммуассис ва раиси Раёсати Бунёди ҷумҳуриявии “Информатика барои демократия” дар Тоҷикистон. Соли 2005 сармутахассиси шӯъбаи иттилоот, таблиғот ва нашр ва солҳои 2005-2008 мудири бахши иттилоот ва таҳлилии Дастгоҳи КИМ-и Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон.
Аз соли 2008 ин ҷониб – раиси СҶ “ИНДЕМ” -- муассиси ҳафтаномаи “Нигоҳ” ва Оҷонсии “TojNews” мебошад.
Оиладор.
Мӯҳр
Кокали
Обмури аз бог калон! Хануз хам дар хамаи мусохибахо "ман"-и журналист дорад боло мешавад. Камтар ба замин фароед журналист. Вале сухбати хуб.

Rambo
И журналисти акамон афгонай е стажировкаи журналистира дар Афгонистон гузашта бошад?

Ку бубинем то Кучо Суханхояш Хакикат дорад.Агр Даспрвари Ягон давлати Дига Набошад.Чаноби Дустов.Зиндаки Хакикатро Ошкормкунад бо Мурури Вакт

Журналистони ба мисли акаи Саймуддин хело каманд муттаасифона.

беҳруз
саломун алайкум
офарин бар акаи Саймиддин устод ва шахси донишманд ва таҳлилгари муҳтарам воқеан лаззат бурдам аз суханрони ва таҳлили баҷои устод. Худора шукр ки мардуми таоҷик ҳамчун марди сиёсатмадор ва ватандуст доштааст. Худованд ҳамеша ҳифзатон кунад ва ба қулаҳои баланди илм шуморо бирасонад.

Мантик
Гапи Дустов дуруст аст! аз бехурарии Вазири фарханг истифода бурда "Вазири журналистон" ва гурух макомдорони боло чизе хоханд мекунанд. Вазорати фарханг пеш аз хама бояд хамохангсози рузномаву мачаллахо бошад вале ируз Вазорати фарханг дар сохаи табъу нашр мавкеашро аз даст додааст ва ба гуфти як гурух одамони боло кор мекунад.

Suhanoni Peshvoi millat durustand inho hudashonro hamadon megirand.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)