Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:41

Қурбонӣ ва аҳамияти он

4 ноябр 2011, 05:21

Дар дини мубини Ислом қурбонӣ - ин пайравӣ  намудани суннати забҳи маъруфу машҳури ҳазрати Иброҳим (а) буда холис барои ризои илоҳӣ ва бо номи Худованди бузург  анҷом дода мешавад.


Худованди карим, вақте ки ба Паёмбари худ ҳазрати Муҳаммад (с) неъмати бузург яъне "Ҳавзи кавсар"-ро ато кард, ба тарафи ду некӣ ҳидоят дод, ки яке намоз ва дигарӣ  қурбонӣ аст.

Чунончи  мефармояд:  "Пас намоз гузор барои ризои Парвардигори худ ва ба номи ӯ шутурро қурбонӣ кун" (Сураи "Кавсар", ояти 2.) Ҳазрати Зайд ибни Арқам (р) ривоят мекунад, ки саҳобагон аз Паёмбар (с) мепурсанд: "Ай Расули Худо, ин қурбониҳое, ки мебинем, чист?" Паёмбар (с) гуфт: "Ин суннати падаратон Иброҳим (а) аст". Пас саҳобаҳо гуфтанд: "Чӣ фоида (фазилат) доранд?" Паёмбар (с) гуфт: "Ба ивази ҳар як мӯи чоҳорпо як некӣ ба қурбоникунанда мерасад". ( Ибни Моҷа 1265)

Донишмандон дар шарҳи ҳадис мегӯянд: "Зинда гардонидани суннати Иброҳим (а) ба мо аз ин хотир лозим буд, ки Худованд моро ба пайравии амали ӯ амр кадааст" ҳамчуноне, ки мефармояд: "Боз амр кардем ба ту (Муҳаммад) (с), ки пайравӣ кунӣ дини Иброҳим (а)-ро, зеро ӯ аз динҳои ботил безор буд ва аз ҷумлаи мушрикон набуд". (Сураи "Наҳл", ояти123).

Воқеаи қурбонии ҳазрати Иброҳим (а) ба ҳама маълум аст. Чун Худо хост ӯро имтиҳон кунад, дар хобаш ба ӯ фармон дод, ки фарзанди азизаш Исмоилро қурбонӣ намояд. Вақте ки падару фарзанд ба иҷрои ҳукми Худо розӣ шудаанд, Худованд аз Ҷаннат як чаҳорпое ба воситаи  ҳазрати Ҷибраил (а) фиристод ва ба куштани ҳамон ҷонвар амр кард. Ҳамчуноне, ки Худованд мефармояд: "Пас вақте тайёр шуданд, то ки ҳукми Худоро ба ҷо оранд ва писари худро ба замин ба ҷониби пешонӣ хобонид, пас садо кардем ӯро: Эй Иброҳим! Ту хоби худро рост кардӣ, албатта некӯкоронро чунин савоб медиҳем, чун ин як озмоиши зоҳир аст ва бар  ивази писар фидя додем ба ӯ як гӯсфанди бузургҷуссаро барои забҳ кардан".(Сураи "Соффот" ояти 103-107).

Ин буд маънои сухани Паёмбар (с) "Суннати падаратон Иброҳим". Бояд донист,ки қурбонӣ аз ҷумлаи ибодатҳои молӣ буда, дар Ислом бисёр аҳамияти калон дорад. Онро аз ин хотир шиори Ислом мегӯянд, ки ҷонварро мутобиқи суннати Иброҳим (а), холис ба номи Худо ва ризои ӯ забҳ мекунанд, бар хилофи дигар динҳои ботил. Дар Ислом на танҳо қурбонӣ, балки тамоми ибодатҳои мо бояд барои ризои Илоҳӣ бошад, зеро Худованд мефармояд: "Бигӯ, ай Муҳаммад(с), ки яқинан намози ман ва ҳамаи ибодати ман ва зиндагиям ва маргам ҳамааш барои Худо аст, ки Парвардигори тамоми оламиён аст!". (Сураи "Анъом", ояти 162.)

Аз Ҳазрати Оиша ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуд: "Ҳеч амали фарзанди одам дар рӯзи наҳр (иди қурбон) дар пешгоҳи Худованд   аз қурбонӣ кардан маҳбубтар нест. Чорпои  қурбонӣ шуда рӯзи қиёмат бо шох ва муй ва тамоми аъзоҳояш дар тарозуи аъмол вазн мешавад. Хуне, ки аз забҳи чорпои қурбонӣ мерезад, ҳанӯз ба замин нарасида савобаш назди Худованд навишта мешавад, пас бо хушҳолӣ қурбонӣ кунед! (ривояти Ибни Моҷа ва Тирмизӣ)

Аз суханҳои зикршуда ба мо аҳамияти ин ибодат маълум мешавад. Ҳазрати Абуҳурайра (р) мегӯяд: Паёмбари Худо  (с) фармуданд: "Шахсе,  ки тавонгар бошаду боз ҳам қурбонӣ накунад, ба намозгоҳи мо (идгоҳ) қариб нашавад". Яъне ҳар шахсе ки бо вуҷуди ба қурбонӣ қудрат доштанаш ҳукми Шариатро ба ҷо наовараду қурбонӣ накунад, хондани намози  ид ба ӯ фоидае надорад.(Ривояти "Ибни Моҷа".)

Қурбонӣ бар кӣ воҷиб мешавад?

Қурбонӣ ба ҳар шахси мусулмони оқил, болиғ, муқим воҷиб мешавад. Ҳар вақт он қадар сарват дошта бошад, ки закот бар ӯ воҷиб шавад, фарқе надорад, ки он сарват пули нақд бошад, ё зару зевар, ё моли тиҷорат, ё макони зиёдатӣ, ки дар он зиндагӣ намекунад.

Суннатҳо ва одоби қурбонӣ

Беҳтар он аст, ки моли қурбониро соҳибаш забҳ кунад, зеро ҳамин суннат аст. Агар забҳ карда натавонад, дигар кас ҳам ин корро кунад, ҳеч боке надорад, қурбонияш ҷоиз мешавад. Нияти қурбониро ба дил ҳам кунад мешавад, ба забон овардан шарт нест. Суннат ин аст, ки шахси забҳкунанда рӯяшро ба тарафи қибла гардонад. Бе узр таваҷӯҳи қибларо тарк кунад, макрӯҳ аст. Вақти забҳ "Бисмиллоҳи, аллоҳу акбар" гуфта, молро забҳ кунад. Баъди забҳ ин дуъоро бихонад, беҳтар аст: "Ай бори Худоё! Аз ман ин қурбониро қабул кун, ҳамчуноне, ки қабул карда будӣ аз ҳабибат Муҳаммад (с) ва халилат Иброҳим (а)". Беҳтар он аст, ки гӯшти қурбониро ба се ҳисса ҷудо  кунанд, як ҳисса барои аҳлу аёл, як ҳисса барои дӯсту рафиқон, як ҳисса барои тангдастону камбағалон. Агар  аҳлу аёл бисёр бошад, метавонад ҳамаашро худаш истеъмол кунад.

Синну соли ҷонвари қурбонӣ

Синну соли ҷонвари қурбониро дар Шариъат ба назар гирифтаанд. Масалан: Бӯз, гӯсфанд ҳар навъе, ки бошад, яксола будани он лозим аст ва агар гӯсфанде, ки аз шашмоҳа боло бошад, лекин аз фарбеҳи яксола намояд, қурбонӣ кардани он  дуруст аст. Гов  2-сола бошад ва шутур  5- сола бояд бошад.

Солим будани ҷонвар

Ҳамчуноне, ки аз гуфтаҳои боло маълум шуд, қурбонӣ ибодате аст, ки бояд холисона аз барои ризои Худованд анҷом дода шавад. Аз ҳамин хотир, Шариъат солим будани молро аз ҳар айб эътибор кардааст.

1. Пас агар моли қурбонӣ якчашма ё тамоман кӯр бошад, қурбониаш дуруст нест. Инчунин қурбонии ҷонвари кар, шал ва беморе, ки то ҷои қурбонӣ намерасад, қурбониаш дуруст нест.

2. Ҷонварҳои ахташударо қурбонӣ кардан дуруст аст. Аз Паёмбар (с) собит аст, ки ҷонвари ахташударо забҳ кардааст. Аз ин хотир, моли ахташуда айбе нест, ки монеи қурбонӣ шавад.

3. Ҷонвари  қурбонӣ, аз таваллуд дум надошта бошад қурбониаш дуруст нест. Ва инчунин ҳукмро дорад, ҷонваре, ки дум дораду аммо аз нисф зиёдаш бурида шудааст. Дар ин масъала гӯсфанд ҳеч эътиборе надорад.

Чанд масъалае мутаъаллиқ ба қурбонӣ

Ҳамчуноне, ки ба мард қурбонӣ воҷиб мешавад, инчунин ба зани сарватманд, низ қурбонӣ воҷиб мешавад.

Фарзанд низ агар болиғ ва соҳиби нисоб бошад, қурбонӣ бар ӯ воҷиб мешавад, агар фарзандон ноболиғ бошанд, ба падару модар ба ҷои онҳо қурбонӣ кардан воҷиб нест.

Агар ба ҷояшон қурбонӣ карданд, ҳеч боке надорад, балки савоб мегиранд.

Агар шахсе мехоҳад аз тарафи гузаштагонаш қурбонии нафлӣ кунад, метавонад баъди забҳ савобу самараашро ба гузаштагонаш бубахшад. Ҳамчуноне, ки Паёмбар (с) савоби қурбониашро ба умматаш бахшида буд. Пас  агар шахсе хоҳад, ки аз тарафи падараш ё модари гузаштааш қурбонӣ кунад, ду масъалаи зайлро бояд дар назар гирад.

1)  Агар гузаштагӣ васият карда бошад, дар ин ҳолат хуб аст, ки ҷонварро аз номи майит забҳ кунад ва  баъди забҳ  кардан ҳамаи гуштро бояд садақа кунад.

2)  Агар васият накарда бошад, балки ворис ба хоҳиши худ қурбонӣ кунад, тамоми гӯштро садақа кардан лозим нест, балки ҳамон қадаре хоҳад садақа кунад, боқимондаро метавонад истифода намояд.

4. Оҳу ҷонвари ҳалол аст, вале бо сабаби ваҳшӣ буданаш, қурбонии он дуруст нест ва ҳукми ҳамаи ҷонварони ҳалоли ваҳшӣ инчунин аст.

5. Агар молҳои яҳудӣ, ё  насронӣ дар мазҳаби аслии худ бошанд ва ба китоби осмонии паёмбарон имон дошта бошанд, хӯрдани гушти моли забҳ кардаи онҳо дуруст аст, лекин афсӯс, ки имрӯз бештари онҳо мулҳид ва бедину даҳрӣ ҳастанд. Аз сухан ва корҳои онҳо маълум мешавад, ки аз дину мазҳаб безоранд, аз ин хотир забҳи онҳо ҳалол нест .

6.  Баъзе мардум ин гумонро доранд, ки агар шахсе як бор қурбонӣ кунад, бар ӯ лозим аст, ки ҳар сол қурбонӣ кунад, агарчи қудрат надошта бошад. Ин фикр ғалат ва дар Шариъат ҳеч асле надорад.

7.   Гӯшти қурбониро фурӯхтан ҳаром аст, агар шахсе аз нодонӣ ин корро кард, бар ӯ лозим аст ҳамон миқдор пулро садақа кунад.

Масъалаҳо оид ба пӯсти қурбонӣ

Пӯсти қурбониро соҳибаш метавонад худаш бигирад ё ба шахсе ба таври ҳадя бидиҳад. Агарчӣ он шахс молдор ё аз аҳли хонаводааш бошад, монанди падару модар ва фарзандаш ва ё ба бенавоён садақа кунад. Каллаву пои ҳайвон низ ҳамин ҳукмро доранд.

Агар пӯстро фурӯшанд, пулашро бояд ба бенавоён садақа кунанд. Пӯсти курбониро наметавонад бар ивази ҳаққи кор ба қассоб бидиҳад.

Бо фурӯхтани пӯсти қурбонӣ гунаҳкор мешавад. Агар онро ба нияте фурӯхт, ки пули онро садақа кунад, дар ин ҳолат дуруст аст.

Агар дар ивази пӯст ягон маҳсулот (орд,равған ва ғайра) гирад, маҳсулотро ё пули онро бояд ба пуррагӣ садақа кунад. Агар чизи ивазкунанда сару либос, чатр ё китоб ва ғайра бошад, соҳиби пӯст метавонад онро истифода барад.

Моли пашмдоре, ки пашми онро паст ё ба куллӣ гирифтаанд, қурбониаш дуруст аст, Албата баъд аз харидани ҷонвар пашми онро гирифтан дуруст нест. Агар шахсе аз нодонӣ ин корро кард ва ё ба гирифтани он зарурат пеш омад, худи пашм ё қимати он миқдор пашмро садақа кардан лозим аст.

Муҳаммадфаррухи Абдуллозода{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!