Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:30

Рақибони Сӯҳроб Шарипов дар интихоботи миёнадавраии Шоҳмансур-3 маълум шуданд

4 ноябр 2011, 05:39

Довталабони курсии холимондаи вакили парлумони кишвар аз ҳавзаи интихоботии рақами 3-и ноҳияи Шоҳмансур ба 4 нафар расид.


Тибқи иттилои Абдулло Холиқов, райиси комиссияи интихоботии мазкур, 3-юми ноябр, дар рӯзи охирини бақайдгирии номзадҳо се нафари дигар санадҳои заруриро пешниҳод кардаанд. Ҳамин тавр, Сӯҳроб Шарипов, директори МТС аз ҲХДТ, Абдуҳалим Ғаффоров, райиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Абдуқаҳҳор Турсунов, нойиб-райиси Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон, худпешбарӣ ва Сӯҳроб Оймаҳмадов аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар сабқати интихоботӣ ширкат хоҳанд кард.Гуфта мешавад, бақайдгирӣ ва санҷиши санадҳои номзадҳо ба вакилӣ то 19-уми ноябри дома мекунад.

Ёдрас менамоем, Раҳматулло Зойиров, райиси ҲСДТ ҳафтаи гузашта баёнияе интишор карда, ба интихобкунандагон ва аҳзоби сиёсии мухолифи кишвар пешниҳод карда буд, ки аз ширкат дар интихоботи мазкур дар рӯзи 18-уми худдорӣ кунанд. Тибқи иттилои расида, ҳизби коммунист низ номзадии намояндаи худро ба курсии холимондаи парлумон пешбарӣ нахоҳад кард. То ин замон дар мавриди ширкат кардан ва ё накардани ҲНИТ дар интихобот иттилои дақиқ рӯйи даст нест.
Бойиси тазаккур аст, ки интихоботи мазкур барои ишғоли курсии холимондаи МН сурат мегирад ва то рӯзҳои наздик Сафаралӣ Раҷабов вакили парлумон, ҳамзамон райиси Кумитаи МН буд. Марҳум пас аз бемории кӯтоҳ, ки сактаи қалб унвон шуд, рӯзи 5-уми октябр дар Душанбе аз олам даргузашт.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!