Бахшҳо

Шоҳроҳи Душанбе-Шаҳринав-Турсунзода тармим мешавад, «Сомон-Хатлон» бошад супориши нав гирифт

Тармиму бозсозии шоҳроҳи мошингарди Душанбе - Турсунзода - марзи Ӯзбакистон расман оғоз гардид.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, рӯзи 7-уми ноябр ин маросим бо ширкати президент Эмомалӣ Раҳмон ва нойиб-райиси Бонки Осиёии Рушд Сиаою Жао баргузор гардид. Зимнан қайд гардид, ки роҳи мазкур ба масофаи 66 километр бо харҷи беш аз 900 миллион сомонӣ ё худ 181 миллион доллари амрикоӣ ва бо маблағҳои БОР, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушду ҳукумати ҶТ мавриди тармиму таҷдид қарор мегирад.  Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ширкати роҳсозии «Чайна Роуд»-и ҷумҳурии мардумии Чин таъкид дошт, ки ин кор на дар 3 сол, балки дар 2 сол, вале бо риояи тамоми талаботи ҷаҳонии сифату эътимодбахшӣ анҷом дода шавад.

-Дар ин ҷо зиёда аз 600 нафар роҳсозони маҳаллӣ соҳиби кору маоши хуб мешаванд, зеро беш аз 80% коргарон аз Тоҷикистонанд,- қайд шуд дар маросими ифтитоҳи корҳои сохтмонӣ. Гуфтанист, ин нахустин роҳи дараҷаи якуми сифат дар Тоҷикистон хоҳад буд, зеро роҳҳои дигари то ин вақт бунёдёфта ба дараҷаҳои дуюм ва сеюм тааллуқ доштанд.Тибқи лоиҳа, масофаи 4,6 километри ин роҳ – аз назди пайкараи Абўалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе аз 8 хатти ҳаракати мошинҳо ва боқимондаи роҳ аз 4 хат иборат мешавад.

Манбаъ афзуд, пас аз ин чорабинӣ Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии ниҳолпарварии «Сомон-Хатлон»-и ноҳияи Ҳисор ташриф оварда, бо кори ниҳолпарварону гулпарварон    аз наздик шинос шуд. Дар ин мавзеъ изҳор карданд, ки хоҷагӣ дорои 33 гектар замин мебошад ва дар 20 гектараш парвариши ниҳолҳои мевадиҳанда ба роҳ монда шудааст.  Ҳоло дар ин қитъаи 20 – гектара 50 ҳазор ниҳоли зардолу, 50 ҳазор себу нок ва беш аз 100 ҳазор навниҳоли ангури кишмиш барои шинондану боғу токзор  омодааст.Президент    ба кишоварзон ва роҳбари хоҷагӣ маслиҳат дод, ки бо назардошти талаботи рўзафзуни дохилию хориҷӣ дар ин ҷо парвариши беш аз 1 миллион навниҳоли ангури кишмиш ба роҳ монда шавад.Қисмати зиёди ниҳолҳои ин хоҷагӣ дар мавсими ояндаи ниҳолшинонӣ ба боғу токзори хоҷагии боғпарварии Асадулло, ки дар мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон қарор дорад, бурда шинонда мешаванд.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)