Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 05:01

275.000 сокини Тоҷикистон аз як пружаи USAID баҳра бардоштаанд

8 ноябр 2011, 04:38

Аз таъсисёбии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналхалқӣ (USAID) аз ҷониби президент Ҷон Ф. Кеннедӣ 50 сол пур мешавад.


Зимни эмкунии кӯдакон аз бемориҳои паҳншаванда, аснои баландбардории ҳосили киштзорҳо ва ё дар вақти рух додани ҳолатҳои изтирорӣ USAID созмоне боқӣ монд, ки ба давлатҳои интизори кӯмак мадад мерасонид ва дар оянда ҳам кӯмак хоҳад кард.Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз сафорати ИМА дар Душанбе иттилоъ доданд, USAID дар аввали солҳои 90-ум, пас аз касби истиқлол кардани Тоҷикистон ба ин ҷо омад ва дар эъмори ҷомеаи иқтисоди бозаргонӣ, поягузории институти мардумсолорӣ, пиёда сохтани тарҳҳои мухталифи тандурустӣ саҳмгузорӣ кард.

-Мусоидат ба кишоварзон дар таъсис додани ассотсиатсияҳои обёрикунандагон, таълиму омӯзиши кишоварзон оиди кишти маҳсулоти серғизо дар заминҳои наздиҳавлигӣ, баланд бардоштани зарфияти мағозаҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар саросари кишвар, машваратхонаҳои кишоварзон, аз ҷумлаи пружаҳое мебошанд, ки ин ташкилот онҳоро амалӣ менамояд,- омадааст дар варақаи матбуотӣ.

Гуфтанист, дар чорчӯби барномаи USAID оиди дастгирии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ин созмон тавонист ба зиёда аз 2055 аъзои ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об дар идоракунии устувори системаи ирригатсиониашон мусоидат намояд, ки дар натиҷа даромади онҳо то ба 200% афзоиш ёфт. Аз ин барнома дар шакли ғайримустақим зиёда аз 275 000 сокинони деҳоти Тоҷикистон манфиат гирифтаанд. Соли гузашта USAID ба гирифтани пеши роҳи бемории полиомиелит мусоидат намуд ва кӯшиш кард, ки ин бемории хатарнок дигар ба Тоҷикистон таҳдид накунад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!