Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:21

Русия: Ҳамлаи мусаллаҳона алайҳи Эрон паёмадҳои вазнинро ба думбол хоҳад дошт

8 ноябр 2011, 04:48

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия ҳамлаи эҳтимолии мусаллаҳона  алайҳи Эронро «иштибоҳи хеле ҷиддӣ» унвон кард.


Ин мақоми аршади ҳукумати Русия зимни як сӯҳбаташ рӯзи 7-уми ноябр гуфт: «Ҳуҷуми мусаллаҳона ба давлати исломии Эрон паёмадҳои ғайри қобили тасаввур хоҳад дошт. Барномаи ҳастаии ин кишвар мисли ҳар масъалаи дигари замони имрӯз ҳалли низомӣ надорад”.

Хабаргузориҳои русӣ менависанд, изҳороти Лавров баъди он садо дод, ки президенти Исроил Шимон Перес гуфт, эҳтимоли вуқӯи  ҳамла болои Эрон зиёд аст. Ҳафтаи ҷорӣ бояд гузориши СММ дар заминаи таҳаввулоти ахири атрофи барномаи ҳастаии Эрон муаррифӣ шавад. Матбуоти амрикоӣ мегӯяд, ки гузориши Оҷонсии энержии атомии вобаста ба СММ шаҳодати онро дорад, ки Эрон дар эҷоди силоҳи ҳастаӣ ба пешрафти ҷиддӣ даст ёфтааст.

Маврид ба тазаккур аст, ки ИМА ва Исроил чанде қабл Эронро ҳушдор дода буданд, ки ба мавқеъи ҷойгиршавии маводҳои ҳастаии он ҳамлаи мусаллаҳона анҷом медиҳанд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!