Бахшҳо

Сиёҳкунии шишаҳои мошин “арзон” шудааст

Арзиши иҷозатномаи яксола барои сиёҳ кардани шишаҳои мошин, ки солҳои қаблӣ ҳудуди 500 доллари амрикоиро ташкил медод, дар пайи коҳиши қурби сомонӣ барои мошинҳои куҳна ба 250 доллар ва барои мошинҳои нав ба 310 доллари амрикоӣ баробар шудааст.

Сомонаи MASHINA.TJ бо зикри таваҷҷуҳи тоҷикистониён ба сиёҳ кардани шишаҳои мошин навиштааст, ки иҷозатномаҳо ба ду гуруҳ тақсимбандӣ мешаванд: “Нархи иҷозатнома барои мошинҳои истеҳсолашон куҳнатар аз соли 2005 ба 2000 сомонӣ ва мошинҳои истеҳсолашон соли 2005-у аз он навтар ба 2480 сомонӣ баробар аст”.

Ба иттилои манбаъ бо назардошти қурби феълии як доллар, ки тақрибан 8 сомониро ташкил медиҳад, арзиши иҷозатнома барои сиёҳ кардани шишаи мошинҳои куҳна 250 доллар ва барои мошинҳои нав 310 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

MASHINA.TJ инчунин шарҳ додааст, ки сиёҳ кардани шишаҳои пеши мошин то 14 сантиметр сиёҳ иҷозат дода шудааст ва меъёри равшанигузаронияш бояд 75%-ро ташкил диҳад. Қаблан мақомоти Тоҷикистон эълон карда буданд, ки маблағи иҷозатномаҳо барои сиёҳ кардани шишаҳои мошин ба бунёди нерӯгоҳи “Роғун” равона мешавад.
Мӯҳр
Дарвеш
Чаро бо долар хисоб мешуда бошад ?

мардум камтари дигар токат кунед 100 доллар шавад

Ягон арзон нашудааст. Бо сомони хамон кадаре ки буд мондааст.

саид
Ажоиб Точикистон давлати офтобруя чаро сояги фурухта мешавад!

Абдурахмон
Ягон майда арзон нашидай нархша пули мили кати вахтшда мондан баробар мешид бо курси амучен 500 долар аз сабабе ки пули мили хеста наметона нархам кимат шида наметона нарх агар долар кати мебуд хози 500 долар курси 800 кати вахто 4000 сомони мешид тимнит неки 2000 сомонира курси 800 зестан меган арзон шидай 250 долар маош баланд шава бгем 2000 барой тимнит зур мон мераса дига гап иснш рекламахай нафамидаги бдава амонат банк тимниткни

oзодагон прикол мени? инро арзоншави ва бекурбии сомоничон мегуян кариб ки маколаро нохонда тарафи банк давида будам о имруз 1 апрел

nabi farhor
Ман рузи 28-12-2015 ум.Бо маблаги 2480с пул супурдам.Кай арзон шуд,бояд эълон мекарданд.

Чаро бо курси доллар хисоб мекарда бошанд ё дар ин со низ валютчткхо гунахкораанд.Фарки 500$-пешина бо 310$-хозира 62с будааст,арзон намекарданд,мешуд.

ахмад
ман хайрон мешавам барои чи долар мегуед ин нарх хозир хам кимат мебошад чунки яксол пеш як коп орд 180 сомони буд хозир бошад 150 сомони хаст

Карим
Ягон сад сомон шавад хама мекунад,ана пулу мана пул!

Рустам
Хаминро арзон кунанд, мизочон ду се баробар зиёд мешаванд. Аклашон намерасад.

Бобомурод
Нони хурдан надораю шишахои мошина ба маблаги 500 доллар сиёх мекна, бар падарут наълат намешава ки хами маблагро ба фарзандот сарф куни?

фардо хукумат аз одамоне ки бо айнаки сиёх мегарданд маблаг талаб мекна барои тонировка

намешавад хаминро бе пул кунанд е ин ки олиям камтар кунанд 3 тирезаи акиб ройгон пеш бошад 780 зиеда аз милион мошин хаст 1 милион долар мешавад дар 1 сол

Fарух
Э рутон сиёх ай авал ба ами нархисомонибд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)