Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 15:37

Дар шимоли мамлакат як мард ҳамсари собиқашро ба қатл расонд

8 ноябр 2011, 05:58

Зимни як амалиёти кормандони милитсия дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, шаҳрванд Аҳмадҷон Тухтаеви 24 сола, бо ҷурми куштори ҳамсараш дастгир карда шуд.


Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, ӯ сокини  ҷамоати  Исписор, кӯчаи  Маданият   ҳамсари собиқи Шаҳноза Исмоилова 19 сола, сокини  ҷамоати Исписор, кӯчаи  Ғ. Ғулом, мебошад.

Манбаъ афзуд, номбурда рӯзи 29-уми октябри соли равон, завҷашро ба майдони зардолузори бригадаи ҷамоати  Исписор даъват намуда, пас аз ҷанҷоли кӯтоҳ ӯро бо ресмон буғӣ карда куштааст. Пас аз содир намудани ҷиноят Аҳмадҷон Тухтаев маблағи пули мақтулро, ки 120 сомонӣ буд ва 1 адад телефони мобилии Шаҳноза Исмоиловаро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Оиди ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!