Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:40

Бар асари тарма ду нафар ҳалок шуда, 400 гӯсфанд зери барф монд

8 ноябр 2011, 06:08

Бар асари фаромадани тарма дар ноҳияи Ғончӣ ду сокини Мастчоҳи Кӯҳӣ ба ҳалокат расида, 400  сар гусфанди дигар зери тарма мондааст.


Тавре аз дафтари матбуотии кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, рӯзи 5-уми ноябри соли равон тахминан соати 17:00 дар ағбаи «Оббурдон»-и наздикии деҳаи «Угук»-и ноҳияи Ғончӣ фаромадани тарма ба амал омадааст. Дар натиҷа, Исмоил Назирови 48- сола, истиқоматкунандаи деҳаи «Резгирф»-и ҷамоати деҳоти «Иван -Тоҷик» ва Мирзошариф Давлатови 46-сола, истиқоматкунандаи деҳаи «Даштак»-и ҷамоати деҳоти «Иван Тоҷик»-и ноҳияи кӯҳистони Мастчоҳ ба ҳалокат мерасанд. Манбаъ афзуд, ки ҳамчунин 400 сар гусфанди дигар зери тарма монда ҳалок шудаанд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!