Бахшҳо
06 апр 2016 13:49Тоҷикистон / Сиёсат

Манобеи “Озодагон”: 16 ноябр - Рӯзи Пешво эълон мешавад

Манобеи “Озодагон” дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон таҳияи лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи рӯзҳои ид”-ро тасдиқ карданд, ки бар асоси он бояд дар кишвар иди нав-Рӯзи Пешво ё Президент ташкил карда шавад.

Бархе аз вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор доштанд, ки пешниҳод шудааст, 16 ноябр, санаи баргузории иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун Рӯзи Президент ва иди нав ба қонунгузории кишвар ворид карда шавад: "Феълан санаи иди нав дақиқ нашудааст ва дар ҳоли баррасӣ қарор дорад”.

Абдуҳалим Ғаффоров, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо тасдиқи мавҷудияти ин лоиҳа афзуд, ки дар лоиҳа иди нав ҳамчун Рӯзи Президент пешниҳод шудааст: “Аммо беҳтар аст, ки ин сана ҳамчун Рӯзи Пешво эълон карда шавад, зеро Президент дар ниҳодҳои дигар, аз ҷумла дар Академияи илмҳо низ ҳаст. Аммо Пешвои Миллат як нафар аст”.

“Азия плюс” аз қавли манобеяш иттилоъ додааст, ки гуруҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" тағйиру иловаҳо пешниҳод намудаанд, ки бар асоси он дар кишвар иди нав-Рӯзи Президент ё Пешвои Миллат эълон мегардад: “Феълан барои эълони ид чанд сана дар назар аст. 19 ноябр, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯзи соли 1992 раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуд, метавонад Рӯзи Пешво ё Президент эълон карда шавад. Ё 6 ноябр, ки дар ин рӯз, солҳои 1994, 1999, 2006 ва 2013 Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон интихоб шуда буд. Аммо чун 6 ноябр рӯзи Сарқонун мебошад, аз эҳтимол дур нест, ки 5 октябр-рӯзи мавлуди Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Рӯзи Пешво эълон карда шавад”.
Мӯҳр
Карим
Уже намедонед боз чи

Шумо депутатхои дигар кор надоред. як бор фикри мардуми камбагал кунед. Мардум дар азоб гирифтор аст бовар кунед холи мардум ба танг омадагист. таксихое ки дар як руз ду суми пучак миёфт рузи кудакоша мегирифт хамонрохам кашида гирифтаниян чаро фикри инро намекунед?

танбалбек
Рузи дамгири мешад. ИН кори аъло

гн
Биеед бас кунед хамин корхоятонро. Обруи Президентро нарезонед.

Рачабали
Гзарондан ба хдо депутатхо. Ин дгар масхарабози шд ино бояд раван дар сирк масхарабози кнан

кай хамин тамом мешавад.. ин вакилон шарм намекунанд . мардакхои калонсоланду .. нангу номус дар кучост. дар Точикистон ягон проблемаи дигар нест .

Карим
Чи даркор майдабози? Якбора номи ягон вилоят бо номи Пешво,ё худи чумхури,пайкараи бузурги ёкутини Пешво,хатми номгузори шудани хиебонхои асоси,тангахои тиллои ва г. Барои хамешаги дар як конун ин масъала хал шавад.Баьд давраи гулгулшукуфои огоз мешавад.Бо хидоятхои Пешвои азизи миллат!

Мухочир
Рузи Мухочирон намекунед?)) Як руз рузи пешвои миллат дигар руз рузи писари миллат боз хамин тавр рафтен гиред то рузи убераи пешвои миллат)) депутатхо мухатарам камрат шарм кунед аз хамин пешниходхоятон

Шахбоз
Депутатхои мухтарам чаро пешниходхои шуморо халк тарафдори намекунанд.ба гуфтаи худи шумо намояндаи халк мебошед!!!!

Namedonam maqsadi hukumatdoro dar chist lekin malum ast to dur nameravand.....

тамошобин
ба раиси цирк пешниход: мухтарам раиси цирк, хамин депутатхоро ягон ягон ба гастрол даъват кунед, бисёр оличаноб бози мекунанд.

Nodir
Шумо миллата шарманда карде дигар .Миллатаро ба бесохиби оварда расондед халк гушна ташна, нимаш дар ин Руссия таи мушту лагати руссо, нимаша мекушан касе парво надорад. Илтимос чоп кун Озодагон.

Вакили парлумон
Мо умед доштем тоҷикистон як кишвари демократӣ ва озод мешавад ки раҳбари он аз тариқи интихоботҳои озод интихоб мешавад аммо ин миллат бадбахт шуд Шояд ин пешниҳоди маро озодагон нагузоред лекин ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд иқдом кунад, чунки дигар аз дасти депутатҳои коғазӣ чизе намеояд

Депутатҳо намедонад боз ба кадом роҳ дар пеши пешвои миллат "хизмат" кунанд.

"Скотный двор" Чорч Оруэлл

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)