Бахшҳо

Ҳоҷӣ Мирзо: Домуллоҳои бузургро ба минбар бояд баргардонид!

Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, яке аз руҳониёни маъруфи тоҷик роҳи ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва таҳдидҳои зиддимазҳабиро дар баргардонидани домуллоҳои саршиноси кишвар ба минбар унвон кардааст.

Ҳоҷӣ Мирзо гуфтааст, тайи даҳ рӯз дар масҷиди мавзеи Куҳдомани шаҳри Кӯлоб, ки замоне масъулияти хатибии онро бар душ дошт, бо мардум гуфтугуҳо анҷом дод ва онҳоро аз хатарҳои Салафияву Ваҳҳобия ва гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” ҳушдор дод. Ӯ дар як суҳбати телефонӣ ба ҳафтаномаи СССР таъкид намудааст, ҳарчанд ҳадафи онҳо аз чунин мулоқотҳо пешгирӣ намудан аз пайвастан ба ҷараёнҳои зиддидавлатӣ аст, аммо бо вуҷуд аз оростани ин гуна суҳбатҳо тарс доранд: “Тарси мо аз ин аст, ки мабодо мақомот фикр накунанд, ки 1 нафар домуллои бе мансаб, яъне банда бо мардум вазъ мегӯяд. Мабодо ба сохторҳо суҳбатҳои моро дигар хел бурда расонанд. Ҳарчанд ҳадафи мо пешгирӣ аз тавтеъаи ҷараёнҳои зиддидавлатист. Мо талош мекунем мазҳаби падарии хешро ҳифз кунем, ҷавононро ба ин мазҳаб дилгарм созем”.

Ин руҳонии саршиноси тоҷик дар идома изҳор доштааст, зиндонӣ кардани узви гуруҳҳои ифротӣ маънии пешгирӣ аз ин равандҳоро надорад: “Имрӯз мешунавем, ки саф-саф ҷавонони кӯлобиро ҳабс ва аз ину он ноҳия боздошт мекунанд, вале бояд дарк кард, ки мардумро зиндон кардан, маънии пешгирӣ аз ин равандҳоро надорад, сафи зиндониёнро набояд зиёд кард. Инҳо ба зиндон, ки рафтанд усулан аз ин раванд намебароянд, зеро зиндон ҳатто розиёнро норозӣ месозад, ки ҳақиқатро бояд дарк кард! Ба пиндори сирф фардии мо, роҳи раҳоӣ аз вартаи пайвастани ҷавонон ба гуруҳҳои экстремистӣ ҳаст ва он роҳи зӯрӣ набояд бошад”.

Ҳоҷӣ Мирзо роҳи муваффақ шуданро дар набарди психологии мазҳабу равияҳои дигари ҷангхоҳ - шинохти бештари Абӯ Ҳанифа ва мазҳби Имоми Аъзам дониста, таъкид намудааст, Абӯ Ҳанифаро бояд тарзе муаррифӣ намуд, ки бо шунидани номи ӯ пайравонаш раҳматуллоҳи алайҳ гуфтаву ҷонашонро фидояш созанд, мисле, ки ҷавонони ҷангҷӯ барои кадом пешвои имрӯзаашон мекунад. Ба бовари вай, баъзе аз ин афрод ҳатто саводи кофии динӣ надорранд: “Мисол онҳо мегӯянд, бинед, дар кишвар масҷидҳоро хона мекунанд (дар назар доранд масҷидҳои хурд-хурдеро, ки дар маҳалҳо ҳастанд), сатрҳои занҳои моро мегиранд, масҷидҳоро мебанданд, минбарҳо микрофон надоранд... Мо набояд равғанрезӣ таблиғу ташвиқашон гардем. 4 даҳан гапи сахт мегӯянд, ҷавонон онҳоро устод гуфта, аз пасашон мераванд, дар асл саводе ин устодону шогирдон надоранд”.

Ҳоҷӣ Мирзо дар ин суҳбат бо ҳафтаномаи СССР аз афзоиши таҳдидҳои зиддимазҳабӣ ҳушдор дода, гуфтааст, воқеан имрӯз мазҳаби мо дар хатар аст. Ба таъкиди ӯ набояд ба “заҳролуд” шудани ҷавонон роҳ дода шавад: “Минҷумла, домуллоҳои бузургро ба минбар бояд баргардонид! Ҳар рӯз дар Кӯлоб ва дигар навоҳӣ мешунавем, 5-10 нафарро доштаву ҳабс мекунанд. Сабаб чист? Сабаб манъи суҳбати мазҳабӣ аз ҷониби домуллоҳои мазҳабии мост”.

Руҳонии тоҷик инчунин савол гузошта, душмане, ки на силоҳ дорад, на дониш ва на Қуръонро тафсир карда метавонад, чаро ҷавононро ба ҳалқаи доми тазвир мегираду афсун мекунад? Ва дар ҷавоби ин саволаш гуфтааст: “Зеро халои мазҳабиро кашф кардаанд, инҳо бештар психологанд, ки олими фиқҳу тақво бошанд. Онҳо аз камбуди сиёсиву идеологии мо сӯистифода мекунанд ва ба сарҳои ҷӯши ҷавонон нохун мезананд”.

Ба қавли Ҳоҷи Мирзо дар кишвар домуллоҳои донишманди қавӣ ҳастанд, вале минбар надоранд, то аллайҳи гуруҳҳои ифротгаро сухан бигӯянд: “Домуллоҳои мо дар дониш, илм, фиқҳ, тафсири Қуръону ҳадис аз онҳо ба карат болотару донотару қавитаранд. Зеро аксарияти кулли онҳе, ки ба дом уфтодаанд, саводи казоӣ надоранд. Вале онҳо дигар чиз доранд - минбари пинҳонӣ, интернету телефону ваъзҳои барангезанда. Мо на минбар дорем, на микрофон, на суҳбат карда метавонем. Бигузор суҳбатҳои мо сабт шаванд, пахш шаванд, ку бинем, мо зидди мазҳабем ё пуштибони мазҳабу давлату миллат?”
Мӯҳр
Нуфуз ва таъсири рӯҳонӣ ба ҳукумат вобаста нест, домуллои мӯҳтарам!!!
Нуфуз ва таъсири рӯҳонӣ ба минбар ва вазифа вобаста нест, домуллои мӯҳтарам!!!

Нуфуз ва таъсири рӯҳонӣ ба ҳукумат вобаста нест, домуллои мӯҳтарам!!!
Нуфуз ва таъсири рӯҳонӣ ба минбар ва вазифа вобаста нест, домуллои мӯҳтарам!!!

.
Гапхои домулло хаканд. Лекин ба фикрам ба ДИИШ пайвастани чавонон сабабхои ичтимои дорад. Пеш аз хама мардумро аз чахолат баровардан лозим аст. Яъне системаи маорифи замонавии ба хама дастрасро чори кардан лозим. Мардумро босавод кардан лозим аст. Дуюм, ба мардум чои кор бо маоиши арзанда ташкил кардан лозим аст. Агар хукумат хамин чизхоро таъмин кунад, касе ба ДИИШ намепайвандад.

шогирд
домулло хамрохи бобои эшон бо хамон дискхоятон чавононро хуб магзшуи кардед. ин гаравидани чавонон ба хизбу созмонхои ифроти хосили хамон амрхои маъруфи шумо хаст. аз худат ва бобои эшон.

Офарин Бобоии Эшон! Ягона домулое ки дар тамоми кишвар дусташ медоранд ва эътирофаш мекунанд. Ман хам Эътироф мекунам ки Шумо Шахси бузурге хастед! Дилатон ба халку милатамон месузад! Ва мисли дигар домуллохо ба кадом гуруху давлате фурухта нашудаед! Шумо асли хастед! Иншоолох ки Хукумату Давлати мо ба Шумо барин Домуллои Миллатдусту мардуми Минбару микрафон медихад. Ман бовари дорам! Чун ки чанд маротиба баромадхои Шуморо дар шабакахои телевизонхои давлатии Точикистон пахш карданд. Ва тамоми мардум тамошо карданд...

nabi farhor
Рост мегуяд Хочи Мирзо.Аз хукумати Точикистон,эхтиромона хохиш менамоем,ки Х.Мирзо барои мавъизахои исломи ичозат диханд.

Ман 161-то мавъизаи Х.Мирзо ро гуш кардаам.Бовар кунед,дар бораи намоз чизе омухтаам аз мавъизахои Х.Мирзо аст.То хол ман Х.Мирзоро надидаам,аммо мухлиси ашадии вай хастам.

шогирд
шогирд,
озодагон чаро коментамро кайчи задед? ё хостед бобои эшон наранчад? аз ман меранчид аз шумо не.

шогирд
.,
Бародари азиз, мегуи ки гапхои домулло хаканд ва дар чои дигар мегуи, ки пеш аз хама мардумро аз чахолат баровардан даркор ва аз босавод кардани чомеъа мегуи ва аз системаи маъорифи замонави. Дусти азизам, домуллохо хама вакт ва дар хама давру замон омили акибмонии чамъият буданд ва хастанд. хамон чахолатро хамин муллохо месозанд. мулло хама вакт дар мукобили мактаб буд, дар мукобили муаллим аст, то вакте ба ин мулохо ичоза аст, ки магзи мардумро махтал бидоранд, аз босаводшавии чомеъа ва системаи маорифи замонави фаромуш бояд кард. баргаштани дубораи муллохои ифроти ба минбар ва имконият додан ба онхо иштибохи бузург аст, бадтар аз афгонистон мешавад. якинан ва равшантар гуям, яъне баргаштани бобои эшон ва бобои хочи.

МРИД
БОБОИ ХОЧИРА БА ФИКРМ КИСАШ ХОЛИ ШИДАЙ

Бисёр хуб мешуд агар Домуллои мухтарам бачахои кулобиро не балки миллат мегуфт.. Охир миллат танхо як кулоби надорад.. Миллат сугди дорад, бадахшони дорад, узбак дорад, зарафшони дорад хатто дар ин солхои охи хитои дорад...

е
Бародарони азиз дар бораи он сухане, ки мулохо чамъиятро ба акиб мебаранд иштибох мекунед....

кулоби
Салмон,
Салмон чи хел аз Кулоб истода гапи Сугд ё Бадахшонро мезананд ? Он чизеро мебинанд дар махали зисташон хамонро мегуянд.

Али
Хайр домло ту хам истифода кун аз телефону интернет агар голиб омади ун мулохоро баъд шояд минбарат битиянд.

Бобои хочи хам хак аст -системаи мавъизаи ин шахс таъсир баланд дорад -дар шароите ки дар мо шароити бекори бехукуки бисёр аст -дар ин холат мавъизаи х Мирзо моро метавонад ба сабр кунад дар ин шароити бекори- бесабри -Хукумат системаи давлаториша иваз кунад таракиёт пеш рава зиндаги нагз бошад -бад мебинем мардум баёдаш давлати исломи намезанад

шогирд
е,
Дустам мистр "е", ин муллохои мо пайрави исломе хастанд, ки мовия ва абусуфиён сохтаанд, на исломи замони паёмбар. инхо муллои хадиси ва ривоятианд, куръони не. хадисхои сахех хеле ками андар каманд ва бештар ахлокиянд. ин хадисхо ва ривоятхое ки имруз хастанд ва муллохои мо на аз куръон балки аз инхо истифодаи зиёди зиёд мебаранд ва нохоста худашон хам ифроти мешаванд ва аудиторияшонро хам ифроти месозанд бояд ба сахмат бирасонам, ки сохтахои мовияву абусуфиён хастанд. ин ривояту хадисхоро онхо пас аз рехлати паёмбар аз номи у сохтанд. ба хотири манфиатхои милли (кавми-араби), ба хотири молу замину зану духтари гайри арабро сохиб шудан. аз ин рохи хадиссозиву ривоятбофи онхо ин моли мардумро дар асоси хадисхои сохтаашон аз номи паёмбар халол мекарданд, яъне молу замину зану духтари мавзеи ишголшудаашро ганимат ва барои худ халол ва мардашро гулом ё аскар мекарданд, агар мард инро кабул намекард сар мезаданд. барои сар буридан хам аз номи паёмбар ривояту хадиси таёр сохташуда доранд. Бародари азизам "е" ин муллохои мо ана пайрави хамин абусуфиён гаштаанд ва худашон бехабар. насли чавона ба инхо набояд супорем. инхо бояд контрол шаванд. хамнин афгонистони ноором аз дасти хамингуна муллохои ифроти хаст, покистону кашмираш хамчунин, сурияву сомаливу харкучое чанг аст хамин муллохои ифротии абусуфиёнии ривоятиву хадисиянд. Озодагон хохиш мекунам кайчи назан...

Тасавуркунед хаммаи мардуми Точик муллошуд -чи мурод хосил инаш ман хаку дуруст мегуяд дигараш не ман хак мегуяд охираш кушо куши.Агар хама химик ва физик шавад инаш якчи кашф кард дигаш бехтарин кашф мекунад.Барои ояндаи давлатамон бояд чавонон аз паи мактабшаванд.Чун ки ба як махалла як Мулло бас аст аммо садхо олим кам аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)