Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдори кам кардани шумора ва ҳаҷми андозҳост

Ҷаласаи 8 - уми Шўрои назди президенти Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар Душанбе баргузор гардид.


Бино ба иттилои хадамоти матбуотии райисҷумҳур, нишасти мазкур таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон сурат пазируфта, дар он аъзои шўро, роҳбарони сохторҳои марбутаи давлатӣ ва шарикони хориҷии рушди Тоҷикистон ширкат намуданд. Пас аз гузориши котиби масъули Шўрои назди президенти оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ Давлаталӣ Саидов доир ба иҷрои қарорҳои қаблии шўро Эмомалӣ Раҳмон  таъкид дошт, ки иҷрои пурра ва самарабахши санадҳои қабулшуда таъмин карда шавад. Дар муҳокима ва баррасии масоили мазкур муовини роҳбари намояндагии дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон Никола Гюгас, роҳбари шўрои ҳамоҳангсозии фаъолияти шарикони рушд, намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Ҷоҷи Токеши,  роҳбари ассотсиатсияи бинокорони Тоҷикистон Файзалӣ Раҷабов, райиси Фонди ҷамъиятии Интернет Рустам Қосимов, роҳбари Иттифоқи соҳибкорон ва содиркунандагон Некрўй Забиров, директори кулли ҶСШК Помир-Энерҷӣ Далер Ҷумаев, роҳбари намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон Кристофер Миллер, вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов, директори иҷроияи Ассотсиатсияи агробизнеси Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ибодулло Неъматов, роҳбари намояндагии Агентии Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон Штефан Эрбер ва ноиби президенти Бонки Осиёии рушд Шиаою Жао иштирок намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон андешаҳоро доир ба зарурати кам кардани шумора ва ҳаҷми андозҳо дар маҷмўъ дастгирӣ намуда, ҳамзамон таъкид дошт, ки дар сурати амалӣ намудани чунин тадбирҳо бояд сарчашмаи ҷуброни камшавии даромад ба буҷети давлатӣ низ вуҷуд дошта бошад, аз ҷумла аз ҷониби муассисаҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушди Тоҷикистон. Пешниҳодҳои дигар доир ба озод намудани воридоти тухмиҳо, нуриҳои минералӣ, заҳрхимикатҳо, ваксина ва доруҳои байторӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда ба миён гузошта шуд.

Дар анҷоми нишаст таъкид гардид, ки лоиҳаи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ» бо назардошти талаботи замони муосир таҳия карда шуда, дар нимсолаи якуми соли 2012 ба Шўрои назди президенти  оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ пешниҳод гардад.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)