Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 11:41

Таҷлили 50-солагии адиби тоҷик дар Қирғизистон

9 ноябр 2011, 06:22

50-солагии мавлуди адиби тоҷик Шоиста Равшан, ки дар Қирғизистон ба сар мебарад, дар пойтахти он кишвар таҷлил гардид.


Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз сафорати ҶТ дар Бишкек иттилоъ доданд.«Равшан ходими ҷамъиятӣ, аъзои ИН Қирғизистон ва устоди донишгоҳи байналмилалӣ, муаллифи беш аз 40 асари адабӣ ва илмӣ аст»,- омадааст дар изҳороти мақомоти дипломатии тоҷик. Аз ҷумла китобҳои ӯ: «Оғози беинтиҳо», «Рӯдакӣ-одамушшуаро» ва повести «Элдос» миёни ҳаводорони каломи бадеъ ҳаводорони зиёд пайдо кардааанд.

-То ин замон барои нашр ду китоби дигари Шоиста Равшан таҳти унвони «Кохи бегазанд» ва «Фалсафаи қиссаҳои мардуми қирғиз» омода гаштаанд,-афзуд манбаъ.    «Шоиста бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ асар меофарад, ҳамзамон аз тоҷикӣ ба русӣ низ тарҷума мекунад. Асарҳои ӯ бо забонҳои русӣ ва қирғизӣ тарҷума шуда, баъд аз чанд муддат ба забонҳои форсӣ, немисӣ ва англисӣ низ тарҷума хоҳанд шуд».

Маврид ба тазаккур аст, ки сужаи асарҳои Шоиста Равшан тақдири одамон, ҳаёти мардуми оддӣ, нозукиҳои шарқ ва олами маънавии инсонро дар бар мегирад. Ба муносибати 50-солагии зодрӯзаш ҳукумати Қирғизистон адиби тоҷикро бо нишони «Аълочии фарҳанги Қирғизистон» қадрдонӣ кардааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!