Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:56

«Ҷавонони рақамии Осиёи Марказӣ» дар Душанбе

10 ноябр 2011, 11:06

Бо ибтикори СҶ «Маркази технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ» ва дастгирии молиявии Институти «Ҷомеаи Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар толори Филиали ДДМ ба номи М.В. Ломоносови ш. Душанбе анҷумани чоруми минтақавии «Ҷавонони рақамии  Осиёи Марказӣ» (DYCA) ба кори худ шурӯъ мекунад.


Ин ҳамойиш рӯзҳои 12-ум ва 13-уми ноябри соли равон сурат хоҳад гирифт. Ҳадафи форуми мазкур оммавӣ кардани таҷрибаи комёбиҳои технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионии ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳалли масоили иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад.

Ба қавли ташкилкунандагони анҷуман дар чорабинии мазкур 160 нафар  мутахассисони ҷавони технологияҳои иттилоотӣ ва интернети мобилӣ, дизайнерҳо, созмондиҳандагони сомонаҳо, устодони муассисаҳои таълимӣ, соҳибкорон, иқтисодчиён, журналистон аз   Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон ва Тоҷикистон ширкат мекунанд.  Интизор меравад, ки дар форуми имсола иштирокчиён лоиҳаҳои худро муаррифӣ карда, мастер-классҳо оид ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи маориф, молия, соҳибкорӣ, журналистика, идора ва хизматрасонии электронӣ, ҳамчунин  ҳалли масоили иҷтимоӣ мегузаронанд.

Навоварии форуми мазкур доир намудани конфронсҳоӣ видеоӣ бо коршиносони хориҷӣ аз Ҳиндустон, Афғонистон, Русия, Италия ва ИМА мебошад, ки дар бораи таҷрибаи худ ва комёбиҳо оид ба истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар рушди кишварҳояшон нақл мекунанд. Ҳамчунин бори аввал дар Анҷумани «Ҷавонони рақамии  Осиёи Марказӣ» муаррифии онлайнии модули таълимии UN APCICT "Силсилаи дастурҳо барои ҷавонон оид ба ТИК баҳри рушд»  баргузор мегардад, ки муаллифаш профессор Уша Рани Виасулу Редди аз Ҳиндустон  мебошад.

Анҷуман дар ҳамшарикии филиали ДДМ ба номи М.В. Ломоносов дар ш. Душанбе, ширкати Вавилон-Т, Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон- асри XXI», ҶММ «Промоушн», Ширкати Dr. Web ва Филиали «Интернюс Нетуорк Инк” дар Тоҷикистон баргузор мегардад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!