Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 07:03

SOS:Дар Кӯлоб як коргар аз дасташ маҳрум шуд

10 ноябр 2011, 11:23

Як коргари корхонаи пунбатозакунии ба номи «Зарҳам»-и шаҳри Кӯлоб бо исми Бобохон Ҳамидов, ҳангоми пахтатозакунӣ аз беэҳтиётӣ ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, як дасти худро аз даст дод.


Гуфта мешавад, Ҳамидов дар сехи коркарди нахи пахта кору фаолият дошта, рӯзи чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта дар рафти кор, ба ҳангоме ки таҷҳизоти пахтатозакунӣ пур аз ашё мегардад, мехоҳад онро пок намояд. Ӯ аз ашёҳои корӣ истифода набурда, берун аз қоидаҳои бехатарии кор, бо дасташ пахтаи дар таҷҳизот ҷамъгаштаро берун карданӣ мешавад. Дар натиҷа, дасти росташ ба агрегат часпида, то ба оринҷ канда шудааст. Дар ҳоли ҳозир, Ҳамидов дар беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб бистарӣ гашта, табобат мегирад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!