Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 14:32

Илтиҷо

10 ноябр 2011, 12:44

Ай нур, ай сафо,Ай дар фаросўи ҳамешаҳои ман ниҳон,



Беарзишу бемаъниву бемоҳият бувад

Ҳарчанд дар ҳузури ту ин мафҳуми замон,

Ай вопасин баҳона баҳри зинда монданам,

Имшаб биёву то сапеда бо Зафар бимон,

Имшаб маро ба сўйи покии саҳар бихон.

Дар бекаронаҳои дашти яъси бекарон

Бар ҳар чи махлуқест,

ки номаш бувад башар,

Хушкида чашми чашмаҳои боварам дигар.

Имшаб фақат ҳавои рафтан аст дар сарам,

Имшаб садои мармузи шайтони ғуссаҳо

Дар холигоҳи мағзу ғори гўши ман ҳаме

Пажвок мезанад: сафар, сафар, сафар, сафар…

Имшаб, ки бас зиёдатар аз ҳар шаби дигар

Эҳсос мекунам, ки бибояд кунам фирор

Аз ин муҳити танг,

Аз ин шабони тор,

Аз базми сифлагони гушнамаст,
дуздони ҷипсавор.

Ай меҳрубонтарин,

зеботарин,

ягонатарин,

бебадалтарин,

Ай фасли отифа,

Ту, ай баҳории баҳор,

Имшаб биё, биё,

Ин фикри рафтане, ки варо нест омадан

Бо ҳар раҳе, ки метавонӣ аз сарам барор.

Баъди ту

Ту рафтиву зи баъди ту

Фурудгоҳу

тамоми шаҳр холӣ шуд.

Садои хандаҳои дилнишинат нест,

Тамоми хандаҳо ғамгину дилозор…

Ва ман то ҳол ҳайронам,

Чи гуна як ҳавопаймо

Саодатро

ва зебоӣ

ва ободӣ

ва шодиро,

Сухан кутоҳ,

Тамоми зиндагии инчунин шаҳри бузургеро

Даруни хеш ҷо бинмуд

ва бо худ бурд…

Ту рафтиву тамоми шаҳр холӣ шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!