Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 01:16

Исми сарвазири ҷадид дар Юнон рӯшан шуд

11 ноябр 2011, 04:15

Муовини собиқи раиси Бонки Марказии Аврупо Лукас Пападемос имкон дорад, ки ба ҳайси нахуствазири Юнон интихоб шавад.


Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, баъд аз музокироти чоррӯза ва ба бӯҳрони шадидтар печидани иқтисоди Юнон, сарварони аҳзоб ва созмонҳои сиёсӣ ба ин мувофиқа расиданд. Ҳукумати муваққатӣ ба раҳбарии Лукас Пападемос бояд барномаи наҷоти молии Юнон аз тарафи Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пулро амалӣ кунад. Бар асоси ин барнома, Юнон дар ивази ислоҳоти мушкили иқтисодӣ 130 миллиард евро кӯмак хоҳад гирифт. Дар нахустин баёния Лукас Пападемос гуфт, узвияти Юнон дар ҳавзаи евро замонати суботи молӣ аст. Дар сурати дарёфт накардани кӯмаки молӣ то чанд ҳафтаи дигар, Юнон варшикаста мешуд ва бояд ҳавзаи евроро ҳам тарк мекард.                                                                                                                                                                                                     Ёдрас менамоем, Лукас Пападемос дар мақоми нахуствазирӣ Ҷорҷ Папандреуи сотсиалистро иваз хоҳад кард.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!