Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 15:41

Озмуни «Суруди сарбоз» ҷамъбаст гардид

20 май 2011, 04:34

Дар чорчӯби баргузории «Даҳ рӯзи ҷавонӣ» дар  толори “Кохи  Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе ҷамъбасти озмуни сурудҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ сурат пазируфт.

Тавре ба «Озодагон» аз кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд, чорабинии мазкур таҳти унвони  “Суруди сарбоз” доир  гардида, он бо  мақсади татбиқи барномаи давлатӣ дар самти тарбияи ватанпарастӣ пешниҳод шудааст. Ба  ин озмун, ки аввали соли равон тариқи шабакаи радиоии «Садои Душанбе» миёни ҷавонони эҷодкор эълон гардида буд, беш аз 500 суруд аз манотиқи мухталифи кишвар пешниҳод шуд. Ҳайати ҳакамон аз ин шумора 80 суруди беҳтаринро гулчин намуд, ки матни он дар шакли китоби алоҳида интишор хоҳад шуд. Бо бартарии овозҳо ва хулосаи ҳайати ҳакамон 5 нафар Парвина Тоҷиддинзода, Миҷгона Валиева, Юсуф Абдуллоев, Мафтуна Шарипова, Мунира Алиева ғолибони озмун эълон гардиданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!