Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:09

Имконияти таҳсил дар ИМА барои шаҳрвандони Тоҷикистон муҳайё мегардад

11 ноябр 2011, 04:03

14-уми ноябр дар Душанбе «Ҳафтаи таҳсил» оғоз мегардад.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз  сафорати ИМА иттилоъ доданд, ин чорабинӣ  бо намоишгоҳи таҳсилотӣ шурӯъ шуда, созмону ташкилотҳои гуногуни таҳсилӣ, аз ҷумла Шӯроҳои амрикоӣ (ACCELS), Таҳсили ИМА (Education USA), Шӯрои Байналмиллалии Таҳқиқот ва Табодул (IREX), Институти Ҷамъияти Кушода (OSI), Маркази фарҳангии Бохтар, барномаи Иттиҳоди Аврупо -Tempus, созмони олмонии DAAD, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (UCA), Барномаи инсоншиносии Оғохон (AKHP), гӯшаҳои Амрико ва Мултикид дар ин маросим иштирок меварзанд.

Манбаъ афзуд, созмонҳои фавқуззикр оид ба барномаҳои таҳсилии худ маълумот медиҳанд, варақаҳои иттилоотиро пахш мекунанд ва ба саволҳо ҷавоб хоҳанд гуфт. Намоишгоҳи таҳсилотӣ ин   имконияти хуб барои пайдо кардани маълумот оид ба таҳсил дар Иёлоти Муттаҳида, барномаҳои мубодила ва дигар имкониятҳои таҳсили байналхалқӣ мебошад. Намоишгоҳи таҳсилоти рӯзи 14 ноябр дар маркази фарҳангии Бохтар бо суроғаи кӯчаи академик Раҷабов 15, соати 14:00 баргузор мешавад. Иловатан ба намоишгоҳи таҳсилотӣ, як қатор чорабиниҳои таҳсилотии дигар дар Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Рӯйхати чорабиниҳоро аз ин сайт дастрас карда метавонед: http://dushanbe.usembassy.gov/pa_11092011.html



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!