Бахшҳо

Муҳоҷир: «Ду соли охир ҳеч мушкил надоштем, аммо...»

«Субҳи рӯзи 10-уми ноябр нозири минтақавиамон ба манзили иҷораам омада гуфт, ки беҳтараш имрӯз кор нарав.

 


Дар истгоҳи метрои Шёлково низоми шадиди назорат ва тафтиши асноди муҳоҷирони тоҷик роҳандозӣ гардидааст, беҳтараш як-ду рӯз дар хонаат дам гир». Ин ҳарфҳоро Нуриддин Давлатов, як муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон, ки тайи 12 соли ахир дар шаҳри Маскав ба сар мебарад, зимни сӯҳбати телефонӣ бо хабаргузории «Озодагон» иброз дошт. Ҳамватани мо, ки барои таъмини рӯзгори хонаводаи калонашон аз як ноҳияи кӯҳистони кишвар ба Русияҳиҷрат кардааст, аз мушкилоти се рӯзи ахир дар пойтахти Русия шикоят карда афзуд: «Намедонам, ду сол боз ҳеч мушкилӣ надоштем, аммо ду рӯзи охир «сар» шуд. Ду рӯз боз дар хона шиштам, берун набаромадаам, аз ҳамсояаам, ки сокини Маскав аст, хоҳиш мекунам бароям аз мағоза хӯрокворӣ биёрад. Шояд қазияи лётчикҳо баҳона шуда бошад барои инҳо, намедонам».

 

Ҳамзамон, расонаҳои мухталиф иттилоъ медиҳанд, ки муҳоҷирони кории тоҷик дар гирифтани иҷозаи кор дар Русия ба мушкил рӯ ба рӯ шудаанд. Бархе аз ташкилоту созмонҳо ва иттиҳодияҳои тоҷикони муқими Русия ҳам гуфтаанд, ки масъулини  Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия бо баҳонаҳои гуногун аз додани муҷавизи кор ба шаҳрвандони Тоҷикистон худдорӣ мекунанд. Аммо Залина Корнилова, сухангӯи ниҳоди федералии мазкур ин гуфтаҳоро “иғво” хондааст.

Маврид ба ёдоварист, дар ҳоли ҳозир тибқи иттилои ғайрирасмӣ ҳудуди 1-у ним миллион шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия кору зиндагӣ доранд. Пас аз эълони ҳукми ду ҳалабони рус дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон вакилони Думаи Русия ва чанд нафар аз роҳбарони ҳукумати Русия иброз доштанд, ки дар сурати бознигарӣ нашудани ҳукми ҳалабонҳо «аз роҳҳои дигар» кор хоҳанд гирифт.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)