Бахшҳо

Додхоҳии занони Қалъаи Нав аз Озода Раҳмон (АКС+ВИДЕО)

Як гуруҳ аз занҳои рустои Қалъаи нави шаҳри Роғун аз Озода Раҳмон, раҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент дархости расидагӣ ба қазияи боздошти пайвандонашонро доранд.

Ин гуруҳ аз занҳо ин лаҳза назди бинои Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур ҷамъ омада, мегӯянд, номае бо дархости кумак унвонии Озода Раҳмон доранд. Онҳо дар суҳбат ба хабарнигорон гуфтанд, умеди ягонаашон барои ҳалли қазия, баъд аз Худованд, Озода Раҳмон аст.

Назригул Соибова, яке аз ин занҳо мегӯяд, писари 18-солааш дар қатори боздоштшудаҳо аст. Ӯ гуфт, онҳо сокини Душанбеанд ва писараш замоне боздошт шуд, ки ба хонаи бибиаш ба Қалъаи нав рафт: “Ӯ нав намозхониро ёд гирифта буд”.

Хонум Соибова афзуд, дахолати Озода Раҳмон ба қазияи як сарбозро шунида, онҳо низ барои муроҷиат ба ӯ омадаанд ва умедворанд, дархосташон бе посух намемонад. Ӯ гуфт, ду рӯз қабл ба Додситонии кулли Тоҷикистон ҳам дар хусуси расидагӣ ба қазияи боздошти писараш муроҷиат кард.

Як сокини дигари Қалъаи нав изҳор дошт, ду писар ва як набераашро, ки ноноварони хона буданд, боздошт кардаанд. Ӯ мегӯяд, ҳоло бо нафақае, ки мегирад, намедонад чӣ кор кунад: “Ман як кампири нафақахурам, ки 110 сомонӣ нафақа мегирам. Ин барои зиндагӣ намерасад. Акнун аз куҷо пул меёбам, ки зиндагии хонаводаамро пеш мебарам?”



Дар гузашта ин занҳо назди ШВКД-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт ва бинои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон омада, дархости мулоқот бо Рамазон Раҳимзодаро карда буданд.

Аввалҳои моҳи март даҳҳо тан аз сокинони рустои Қалъаи нав аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуда, ба Душанбе мунтақил шуданд. Миёни ин афрод имом-хатиб ва ягона табиби деҳа низ ҳаст. Мақомот онҳоро дар пайравӣ ба ҷараёнҳои ифротӣ муттаҳам медонанд.


Додхоҳии занони Қалъаи Нав аз Озода Раҳмон (АКС+ВИДЕО)

Додхоҳии занони Қалъаи Нав аз Озода Раҳмон (АКС+ВИДЕО)

Додхоҳии занони Қалъаи Нав аз Озода Раҳмон (АКС+ВИДЕО)

Додхоҳии занони Қалъаи Нав аз Озода Раҳмон (АКС+ВИДЕО)

Додхоҳии занони Қалъаи Нав аз Озода Раҳмон (АКС+ВИДЕО)

Додхоҳии занони Қалъаи Нав аз Озода Раҳмон (АКС+ВИДЕО)

Додхоҳии занони Қалъаи Нав аз Озода Раҳмон (АКС+ВИДЕО)
Мӯҳр
Салом алейк хелло хондам баъд хулоса бароврдам чиба Баъд аз Худованди Карим духтари райси чумхур будааст наход Баъди Худованди Карим пагомбархо хаст ва дигар дигархо хастан аз онхо намонен ин хамаш Дар дасти Худовнди Карим аст имшаллох Худованди Карим химоя мекунад илтимос кайчи накунед чоп кунед

Э аклак гуе пайгамбаро зиндахан бесавод бо чоп шудан мехохам суханхоша инхо чинси латифан барои хами пеши Озода умадан зан зан гуш карда метона

Барои ту ифтиш ту аз дини ислом дур асти барои хамин харчи мегуй вой бар холи ту тура значит мусалмон тавалуд накардааст Худо туро дар панохаш нигох дорад дуо гуям

Сафар
Бечора модарон! Чи кадар барои як модар мушкил аст фарзандро калон кардану ба воя расонидан ва боз агар уро бегунох зиндони кунанду модарро чигархун!

Хукукшинос
Вокеан вазири корхои дохила номашро бо боздошти рекордии чавонони зиëд бо бахонаи "ифротиву" "салафи" дар "таърих бо харфхои зард сабт кард"! Ба фикрам махбасхои Точикистон холо пур-пури чавононест, ки намедонанд чаро барои 17-18 ë 20-27 сол дар махбасанд!

Хами бачахо барои чи салафи мешаванд ???????????? !!!!!!!!!!. Дар вакташ дар мактаб шояд таълими заруриро ба онхо дода натавонистанд. Дуюм аз мазхаби худ огох набуданд. (суол??? равандои мазхаби ханафиро дар кучо таълим медиханд,то ки чавонон ба дигар равияхо напайанданд??? оё хаминхел марказхо хаст ки чавонони берун аз тасил дар он чо фарогирифта шаванд.????!!!! Чавоби шуморо интизорам). Таъмини амнияти фархангии мардум ба зимаи кист!? агар ин амният таъмин мебуд, холо ашки ин модаронро мо намедидем. Халли ин проблема танхо дар махбас кардани чавонон нест. Чавононро бояд аз донишхои мазхаби ханафи мусаллах кард, то ки дар киболи салафияву дигар равандхои мафкурави мукобилат карда тавонанд. Агар чунин набошад шояд масъала бозхам аз ин тундтар шавад. Худоё миллати моро нигох дор.

Кулоб
оё ба маҳбас кашиданӣ як ҷавони 18 солае ки барои меҳмони ба хонаи бибияш рафтааст аз руи қонун аст. Барои 5 руз намоз хондан ҳаёти як ҷавони 18 соларо сузондан аз руи адолат нест. Ашкӣ модарҳоро нарезонед аз Худо битарсед. Зеро шумо ба ин кирдоратон наздӣ Худованд ҷавоб мегуйед.

Барои он ки чунин ходисахо такрор нашаванд, вазорати маорифро зарур аст дарси нав бо номи "Ислом" дар мактабхои тахсилоти умуми чори намояд. Дар барномаи тахсил бояд рукнхои дини Ислом, покизаги, хурмати калонсолон, Куръон ва дигархо шомил карда шаванд. Фарзандоне, ки аз чигунагии дини Ислом аз нуктаи назари дурусти тафсири Куръон тарбия меёбанд, ба ягон гурухи ифродгар ва ё равияхои гайриханафии экстримисти шомил нахоханд шуд. Аз овони кудаки ба онхо дини Исломро дуруст фахмонидан зарур аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)