Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 14:32

Хоманаӣ: Мо дар муқобили таҳдид таҳдид мекунем

11 ноябр 2011, 09:48

Раҳбари Инқилоби Исломии Эрон оятуллоҳулузмо Сайид Алии Хоманаӣ дар Донишгоҳи афсарии Имом Алӣ (а) дар мулоқот бо донишҷӯён ва хатмкардаҳои донишгоҳҳои афсарии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон таҳдиди бархе қудратҳо алайҳи кишварашро нишони тарси онҳо аз руҳи устувор ва имони қавии миллати Эрон хонд.


Ӯ аз ҳозирин ва ҳамаи мардуми кишвараш хост, ки «худро барои тадовуми иззати миллӣ ва иқтидори байналмилалӣ омода» нигаҳ доранд ва таъкид намуд:

«Дар дунёе, ки ҳанӯз, мутаасифона, такя ба қудрати сарнайза ва аслиҳа метавонад дар иртибот миёни миллатҳо ва кишварҳо таъинкунанда бошад, дар дунёе, ки қулдуроне (зӯргӯёне) бо доштани муштҳои пӯлодин бихоҳанд сарнавишти миллатҳоро дар даст бигиранд, дар дунёи моддӣ, он миллате аз осеб маҳфуз мемонад, ки собит кунад омодаи дифоъ аст. Нерӯҳои мусаллаҳи мо, артиши Ҷумҳурии Исломии азизи мо инро собит карданд. Ин иззат аст, ин барои як кишвар иззатофарин аст, инро бояд ҳифз кунед. Ҳамаи сармояҳои моддӣ ва маънавии худатонро бояд ҳифз кунед; диёнататонро, имонатонро, ангезаатонро, тақво ва покдоманиву порсоиятонро ва азми росихатон барои дифоъро дар тӯли муддати хидмат ва ҳамаи умр.

Мо аҳли таҷовуз ба ҳеч миллате ва ҳеч кишваре нестем; мо ҳаргиз иқдом ба ҷанги хунин намекунем; миллати Эрон инро ба исбот расондааст – аммо мо миллате ҳастем, ки ҳар гуна таҷовузро бо устуворӣ ва бо қудрати комил посух хоҳем дод. Мо миллате нестем, ки биншинем тамошо кунем қудратҳои пӯшолии моддӣ, ки аз дарун кирмхӯрдаву мӯриёнахӯрдаанд, миллати устувор ва пӯлодини Эронро таҳдид кунанд. Мо дар муқобили таҳдид таҳдид мекунем. Ҳар касе фикри таҷовуз ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мухёлааш хутур кунад, бояд худро омодаи дарёфти силиҳои муҳкам ва муштҳои пӯлодин кунад аз сӯи миллати муқтадири Эрон, аз сӯи нерӯҳои мусаллаҳ; артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ва басичи мардумӣ ва пушти сари ҳама миллати бузурги Эрон. Ва бидонад; ҳам Амрико бидонад, ҳам дастнишондагонаш бидонанд, ҳам сагнигаҳбонаш режими саҳюнистӣ дар ин минтақа бидонад; посухи миллати Эрон ба ҳар гуна тааррузе, ҳар гуна таҷовузе, балки ҳар гуна таҳдиде посухе хоҳад буд, ки аз дарун онҳоро аз ҳам хоҳад пошид ва муталошӣ хоҳад кард».

Бояд ёдовар шуд, ки таи чанд рӯзи ахир барномаи ҳастаии Эрон аз мавзӯи доғ дар маҳфилҳои байналмилалист ва бо истифода аз ин фурсат бархе мақомоти режими Тел-авив, аз ҷумла нахуствазири он Бенямин Натаняҳу таҳдиди ҳамлаи ҳавоӣ ба пойгоҳҳо ва марказҳои ҳастаии Эронро матраҳ кард.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!