Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 21:04

KOICA дар навоҳии кӯҳистони Тоҷикистон нерӯгоҳ месозад

11 ноябр 2011, 10:10

Дар вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон вохӯрии роҳбарият бо намояндагони Оҷонсии Корея оид ба ҳамкориҳои байналхалқӣ «KOICA» доир гардид.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ин вазоратхона иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили густариши ҳамкориҳо оид ба бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқӣ- обӣ дар Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.Бояд тазакур дод, ки дар заминаи ҳамкориҳо дар навбати аввал  дар яке аз ноҳияи кӯҳистони Тоҷикистон бунёди нерӯгоҳи хурд бо иқтидори 300 кВт дар назар дошта мешавад.

Гуфтанист, дар нишаст муовини аввали вазири энергетика ва саноат Пӯлод Муҳиддинов, сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Ён Ҷёнг Ку, намояндагони ШСХК «Барқи Тоҷик», ширкати «Помир-энерҷӣ» ва раҳбари гурӯҳи «KOICA» оид ба энергия Ким Хёнг - Рог иштирок доштанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!