Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:44

Чорбоғи «Тоҷикистон» дар Эрон

20 май 2011, 04:45

Дар  шаҳри Караҷи Ҷумҳурии Исломии Эрон "Ҳамоиши зодрӯзи Фирдавсӣ, шоире барои ҳамаи ҳазораҳо" баргузор гардид.

Ин нишаст дар доираи тафоҳумномаи фарҳангӣ, илмӣ, ҳунарӣ ва гардишгарӣ байни Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон ва остондори Албурз (Ҷумҳурии Исломии Эрон) сурат гирифтааст. Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҳамойиши мазкур сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Давлаталӣ Ҳотамов, раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, раиси вилоят Исо Фарҳодӣ, раиси шаҳр Сайидалӣ Оқозода, олимони тоҷик ва эронӣ - профессорон Худоӣ Шариф ва Олимҷон Қосимӣ, Рашид Кокованд, доктор Муҳаммадалӣ Исломии Надушан, доктор Мирҷалолиддин Каззозӣ дар бораи шахсияти Фирдавсӣ ва асари безаволаш "Шоҳнома" ширкат ва суханронӣ карданд. Ҳамзамон дар шаҳри Караҷ бо иштироки дипломати тоҷик Давлаталӣ Ҳотамов ва шаҳрдор Сайидалӣ Оқозода маросими кушодашавии боғи  "Тоҷикистон" баргузор гардид. Маврид ба зикр аст, ки масоҳати парки мазкур ҳудуди 2 гектар буда, он дар марҳилаи таҷдиду сохтмони куллӣ қарор дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!