Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:21

Ҳаҷ-2011: Шумораи ҳоҷиёни имсола ба 3 миллион нафар расид

11 ноябр 2011, 10:14

Бино ба иттилои Департаменти омор ва маълумоти ҳаҷҷи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар мавсими ҳаҷҷи имсола 2 миллиону 927 ҳазору 717 нафар ҳоҷӣ ҳузур ёфтааст, ки ин теъдод дар муқоиса ба соли гузашта 5% бештар арзёбӣ мешавад.


Аз шумораи мазкур теъдоди беш аз 1 миллиону 800 ҳазор нафар ҳоҷиёне будаанд, ки аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон озими Арабистони Саудӣ шудаанд ва боқимонда аз шаҳрвандони ҳамин кишвар будаанд.

 

Шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки имсол ба адои ҳаҷҷ ва зиёрати марқади Паёмбари гиромии ислом Муҳаммад (с) шарафёб шудаанд, беш аз 5500 зикр мегардад.

Гуфта мешавад, ки ҳайъати мудофиаи шаҳрвандии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҷиҳати таъмини амнияти ҳоҷиён дар мавсими ҳаҷҷи имсола 22.000 нафар корманди соҳа ва 6.000 мошин ва дигар воситаҳои техникиро сафарбар намудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!