Бахшҳо

Бозгашт: Аз Қорӣ Исмату Одинаҳои дирӯзу имрӯз то эҳёи миллат

Далер Шарифов

Имрӯз бо вуҷуди иқтисоди заиф, буҳронҳои фарогири иҷтимоӣ, заъфи андешаву ғояҳои миллӣ, дар баробари таҳоҷуми иттилотию фарҳангӣ шиорҳои миллатсозӣ баланд мегарданд. Нақши шахсиятҳо ва боло бурдани имиҷи миллат бештар садо медиҳад. Натиҷа номаълум аст. Вокуниши табиӣ дар ҷомеа ба мушоҳида намерасад. Дар мубориза ё тарғиби андешаҳо бештар мавзуъҳое ҳадаф қарор мегиранд, ки хусусият динӣ, тахаюлӣ, эҳтимолӣ ва ё аз будаш бузург нишон додани баъзе масоили рӯзмарра аст.

Аксар соҳибқаламон барои асоснок кардани навиштаҳои худ дар ҷустуҷӯи андеша ва назарҳои мутафаккирон ва ҷомеашиносоне ҳастанд, ки онҳо бештар дар бадана ё таркибҳои миллати худ тадқиқот анҷом дода, бардоштҳои худро барои тарақиёти ҷамъият ба тарзи назария ё хулоса пешниҳод намудаанд. Шояд беҳтар аст, ки мо дар раванди миллатсозӣ бештар сари мавзуъҳои худӣ ва шикасту рехти миллат ҳадалимкон ба гузаштаи ду садсолаи охир таваҷҷуҳ намоем.

Мо тоҷикон тақрибан ҳафтод сол мешавад навиштаҳои Устод Айниро мутолиа мекунем. Аз мактаби миёна то донишгоҳҳо ё дар мутолиаҳои шахсӣ асарҳои “Мактаби куҳна”, “Одина”, “Марги судхӯр” ва “Ғуломон”-и Устод Айниро мутолиа кардаем ё аз рӯи ин асарҳо филмномаҳо, намоишҳои алоҳидаро тамошо кардаем. Чунин тарғиб мешавад, ки ин навиштаҳо замони тираи Аморати Бухоро ё сохти феодаливу ғуломдории он давраро ба намоиш гузошта, чеҳраи бади руҳониён ва диндоронро ба мо ошкор мекунанд. Мутаассифона омӯзгорони муҳтарами мо дар мактаби миёна ва донишгоҳҳо аз рӯи ҳамин бардошт асарҳои мазкурро шарҳу тафсир мекунанд. Агар аз зовияи дигар ба навиштаҳои Устод Айнӣ назар бикунем, он дард ва мушкилоти миллати тоҷик аст, ки дар ду садсолаи ахир ба он мувоҷеҳ аст.

МАКТАБИ КУҲНА

Дар мактаби кӯҳнаи Устод Айнӣ гап танҳо сари системаи ақибмонда ё шароити бади таълим намеравад. Масъала сари системае меравад, ки манғитҳо онро дар Аморати Бухорро бунёд гузошта буданд ва дар чунин система ё тарзи идора тафаккури маорифпарварӣ ё донишомӯзӣ хушк шуда, аҳмияте барои дарбору дарбориён надошт. Мардум дигар аз донишу мактаб дил канда ва иддаи камтарини ҳам, ки ба он алоқа доштанд имкони таҳсил надоштанд, ё хонда донишманд ҳам мешуданд агар, дар он система илм ва дониши онҳо ба кор намерафт. Зеро илм ва дониш чизеро ҳал намекард.

Мутаассифона баъди ҷанги шаҳрвандӣ ин андеша дубора барои миллати тоҷик зоҳир шуда, то ба ҳол идома дорад. Гарчанде системаи маориф борҳо мавриди ислоҳот қарор гирифт, мактабҳои замонавӣ сохта шуд, аммо шиорҳои “Хонда чӣ мешавӣ?” “ Дигарҳо хонданд чӣ шуданд, ки боз ту мехонӣ”... бештару бештар садо медиҳад ва хусусияти оммавиро касб кардааст.

Фасод дар бахши таълиму тарбия аз боғчаи бачагона шуруъ шуда, то хатми донишгоҳ идома меёбад. Фазо тавре ба назар мерасад, ки дигар илм ва дониш чизеро ҳал намекунад. Гарчанде шиорҳои маорифу мактаб баланд садо медиҳад, аммо вазъ дар ҷомеа ва аҳволи донишомӯзон чизи дигареро ба мо нишон медиҳад. Дар қиёс бо кишварҳои пешрафта ҳануз мактаби мо “Мактаби куҳна аст”.

ОДИНА

Мутаассифона навиштаи Устод Айнӣ дар бораи саргузашти як тоҷики камбағал ҳамчун афсона дар гузашта намонд. Кош бо рафтани он системаи куҳна ва ақибмондаи манғитҳо дигар миёни миллати тоҷик Одинаҳо ба вуҷуд намеомаданд. Вале сафи Одинаҳо ба маротиб афзуд. Кор ба ҷое расид, ки шароит ва саргузашти Одинаҳои муосир аз Одинаи гузашта ваҳимтару мушкилтар шуд. Аз сарбуриву сӯзондан, то ҳабсу зинда гӯронидани Одинаҳои муосири тоҷик натанҳо навиштаи Устод Айниро ба воқеият табдил дод, балки онро оинаи акснамои миллат қарор дод. Ин ҳамон муҳоҷирати бенизом ва ногувор ҳаст, ки солҳост миллати тоҷик азияташро мекашад. Дар баробари он, ки бо қавитарин барномаҳои иқтисодӣ бояд як чунин муҳоҷиратро масъулин ба танзим бидароранд, сад афсус, ки баҳона пеш меоранд ин муҳоҷират дар ҳама кишварҳо вуҷуд дорад. Вале бо ин аҳвол, ки мардуми мо бо муҳоҷирату муносибат рӯбарӯ мешаванд, шояд дар ҳеч кишвари дигаре вуҷуд надошта бошад.

МАРГИ СУДХӮР

Қорӣ Исматҳо саллаҳои худро гузошта, ришҳояшонро тарошида, ҷелакҳояшонро аз тан гирифта дар либоси нав бо шеваи нав миллати тоҷикро ғорат мекунанд. Устод Айнӣ бо тамоми он тавонмандиҳои адабие, ки доштанд, образи Қорӣ Исматро шояд аз чанд судхӯру порагири Бухорои шариф сохта бошанд. Агар Устод Айнӣ имрӯз зинда мебуданд, шояд дар бораи чунин судхӯрони муосири замони мо ҳар рӯз як асар менавиштанд. Бале ин ҳамон судхӯрию порагирие мебошад, ки имрӯзҳо ба як система табдил шудааст. Духтур, мактаб, идора, вазорат...ба ин вабо гирифторанд. Дар муқоиса бо Қорӣ Исмати Бухороии судхӯр ин Қорӣ Исматҳои муосир хавфноктаранд, ки аз дасти онҳо мардум худро ба дор овехтаю ба дарё партофтаанд, ё бехонумону дар ба дар шудаанд.

ҒУЛОМОН

Деҳқонон ва муносибати бойҳо ба эшон яке аз сужаҳои ҷолиби қисми якуми романи “Ғуломон”-и Устод Айнӣ аст. Як бой садҳо деҳқонро фиреб мекунад, ҳақашонро мехӯрад. Аммо ин қишр ва гуруҳе аз ҷамъияти он замон, ки садҳо нафарро ташкил мекунад, наметавонанд коре бикунанд. Ҳатто қозихона яъне додгоҳ ҳам ҳамеша ҷониби бойҳоро мегирад. Бойҳо дасти дароз дошта ҳамагуна муносибати бадро ба онҳо раво мебинанд. Аммо суол инҷост, ки чи гуна як нафар метавонад ҳаққи садҳо нафарро бихурад, онҳоро бардаи худ бисозад?

Зеро надоштани тафаккури муосир, тарс, зулми ҳамешагӣ онҳоро дар руҳияи ғуломӣ нигоҳ медошт. Фазои ғуломӣ ва тафаккури бардагӣ дар онҳо шакл гирифта буд.

Имрӯз ҳам як шахси тавонгар ва пулдор метавонад даст ба чунин амал занад. Баъзан ҳокими як ноҳия бо сокинони он чунон бархӯрд мекунад, ки гӯиё ӯ хоҷаву боқимондаҳо аз ӯ қарздор ва ё ғуломаш бошанд. Одитарин эътироз барои ноадолатӣ барои ҳар нафар ба ҳабс ё таҳдидҳое меанҷомад. Ҳама дар назди қонун баробаранд, як шиори холӣ боқӣ мемонад.

”Хай, чӣ кор карда метавонӣ?” ”ҳамааш дар дасти худашон”, “ҳоло замони онҳо”, “беҳтараш саратро хам карда гард”- ин суханҳои ғуломони замони ҷавонии Устод Айнӣ нест. Суханони тоҷикони асри 21 аст. Магар чунин суханҳо дар баробари беадолатӣ як миллатро ба сӯи бардагӣ ва ҷамъияти феодалӣ ташвиқ намекунад? Оё бо ин тарзи тафаккур ба рушди миллӣ комёб шудан имкон дорад? Ё бо ин ҳол миллати қавӣ шудан имконпазир аст?
Аз ин хотир романи “ Ғуломон” –и Устод Айнӣ ба ҷуз асари бадеии хуб буданаш пайёме барои мо тоҷикон аст, ки ҳушдор медиҳад; тафаккури бардагӣ ин роҳ ба шикаст, аз байн рафтан ва нобуд шудан аст!

АНҶОМ

Барои миллатсозӣ ва уствории давлат агар битавонем ҳамин чаҳор масъаларо ҳал бикунем, ба ҷое хоҳем расид. Бояд он ҳама ҳангомасозӣ, ифтихороти пуч, таърифу тавсифҳои беҳударо канор гузошта, аз паси ҳалли ин масъалаҳо на танҳо бо шиорпартоиву фазосозии маснӯӣ, балки амалан кӯшиш намоем. Ҳар шахс, гурӯҳ ва низоме, ки битавонад ҳамин чаҳор масъалаи решаии миллатро то марзӣ 80 ва 90 дарсад ҳал бикунад, номашро дар таърихи миллат ҷовидона хоҳад кард.
Мӯҳр
Мухочир
Сад дар сад хамаи сухнахои Далер дуруст ofarin

Бале Далер Шарифов дуруст гуфтед . камтарин эътироз ё дифоъ кардан аз хаки худ , рост ба зиндон мебарад...

дуруст

Бехтарин тахлил. Ахсан бародар дарди дили мардумро менависи-дия! Дар хакикат хамаи маколахоят хонданибобанд. Мувафакият ба Шумо!!!

РАХ,АМАТ бар падарат эй ДАЛЕРИ далерони точик , бо ин нигоштаю бо ин тахлилу бо ин мукоисаю бо ин андешаронихоят. Сад дар Сад гапи Х,АК,РО ва дарди ч,омеъаи имрузаи миллатро навиштаи ...

Бисёр маколаи чолиби дикат. Ин бародар хакикати холро навистааст. Бояд корро аз худи озодагон сар кард. Бисёр гапхои хакро чоп намекунад ё метарсад ё озодагон низ аз чунин шахсхо ягон... Ин масъаларо дар Точикистон хал кардан кори душвор аст, чунки ин система аз боло пуштибони мешавад. Дар замони Айни ба чунин шахсон мардум нафрат дошт аммо дар замони мо мардум ба чунин одамон хушомад мезананд ва онхоро судхур ё беадолат нею баръакс муфак гашта ном ниходаанд. Аз забони хазрати Саъди гуем... Золиме аз дар дарояд бо хазорон чабру зулм. Халк гуяд ки шох аз пеши султон омадаст. Хар замон сиху кабобу мевахо оранд ба пеш. Ки фалони назди мо имруз мехмон омадаст... Чаро дар давраи мо мансабдорон нотарсу худком, бе ибо шудаанд? Ин аз боло риоя намешавад. Мисол агар у сад гунахгор бошад, аз мансаб барканор намешавад. Факат ин элита чоё иваз мекунанд. Барои чи?

Салом!! Акаи Далер бовар кун аз хамин навиштахои пучут (бемагзут) намонди!! Бисёр гап назан ва нанавис! Шумо журналистхо ягон фикри созандаву чамъоваранда надорен!! Факат касбу коратон игоангезию вас васа аст!! Ягон аз навгонихо гап зан. Маколахои хусусияти тарбиявию илмидошта бнавис агар, ки хамика зур боши! Мо чавонони миллатдусту,ватандусту, хушёру, боакл хеч вакт ба гуфтахову навиштахои пучи худут бовар намекунем ва нахохем кард. Мо бо Асосгузори сулху Вахдати милли-Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмонем!!

Ҷаҳонгир
Аз воқиъияти миллат!!! Вале афсус, ки афсус

Ба Самандар
Ин ки як гуломи дарборӣ шаке нест! Вале Худоро шукр, ки мо то хол Далерхо дорем!!

Tojik
Mo peshvo dorem...digar ygon mushkili nest dar jomea!!

чашми ибрат надори ки якбор бидони ҳоли мо чист лаганбардори тапа таёрку ту бо шармам намедори худпараст

Рустами Фаррухзод
Агар ин Далер максадаш сохтани давлате мисли Покистон набошаду дар чорчуби худономаки араб ба чахон нангарад харфхояш кобили кабул аст зерро хуввияти миллии точики батамом зидди хуввияти исломист мо он давлатеро мехохем ки Фирдавсию Розию Хайёму Сино, Балъамию Бармак, Абумуслими Хуросонию Муканнаъ ва Айнию Турсунзодаву Акбари Турсуну Лоик мехостанд на ин ки он мамлакатеро ки Газоливу Икболу Эшони Нуриддину Кабирию Хочи Мирзо ва чанд тани дигар. Натичаи афкори Газоли хамин давлати Афгонистон ва Арабистон шуд ва натичаи андешаи Икбол давлати Покистон.. дореду гиред.

Озод
Гулом ибни Гулом ибни Гулом...

Саидбилол
Шери нар Худо нигохдорут )

ОШИК
КАНДАТА БИЗАН ПИСАР..ВОКЕАН ДАЛЕРИ!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)