Бахшҳо
11 ноя 2011 10:26Хабарҳои минтақа

Русия ва Эрон санади ҳамкории амниятиро ба тасвиб расониданд

Байни шӯрои амнияти миллии Эрон ва Русия дар ростои густариши ҳакориҳои ду кишвар тавофуқномаи ҳамкории стратегӣ ба имзо расид.


Ин санади ҳамкориро имрӯз дар Маскав моувини дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон  Алии Боқирӣ ва муовини дабири Шӯрои амнияти милли Русия Евгений Лукянов имзо карданд.Пас аз имзои санади ҳамкорӣ Алии Боқирӣ ба хабарнигорон гуфт, ки ин санад ҷиҳатҳои мухталифи ҳамкорӣ байни Шӯроҳои амнияти миллии ду кишвар дар заминаҳои амниятӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва иттилоотиро дар бар мегирад. Ин масъули эронӣ таъкид намуд, ки ҳангоми  сафараш ба Маскав бо мақомоти мухталифи Русия мавзӯъи гузориши охири Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар бораи барномаи сулҳомези ҳастаии Эрон ва мавзеъе, ки дар баробари он гирифта шавад, ҳамчунин шакли ҳамкориҳои ду кишвар дар ин масъала гуфтугӯҳои судманд анҷом додаст. Ӯ аз ҷумла изҳор дошт: Яке дигар аз мавзӯъоти муҳими матраҳшуда дар дидорҳо тарҳи гом ба гом буд, ки дар мавриди он ҳам бо оқои Лавров, вазири умури хориҷаи Русия ва муовинонаш ва ҳам бо оқои Патрушев, дабири Шӯрои амнияти миллии ин кишвар ва муовинони вай баҳсу гуфтугӯ кардем.

Боқирӣ сафари чаҳоррӯзаи худ ба пойтахти Русия ва мулоқоту гуфтугӯҳояш бо масъулони ин кишварро барои густариши равобит ва ҳамкорӣ байни ду кишвар муфид ва созанда арзёбнамуд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)