Расонаҳои хабарии марбут ба кишвари исломии Покистон иттилоъ медиҳанд, ки нерӯҳои амниятӣ шаби 10-ум ба 11-уми ноябр дар пайи як амалиёти густарда дар минтақаи Вазиристони шимолӣ, воқеъ дар шимолу ғарбии ин кишвар, панҷ мусаллаҳи узбактаборро куштаанд.
Зикр мегардад, ки афроди мазкур дар як маҷмааи беҳдоштӣ дар мавзеи Колилӣ панаҳ бурда, ҳангоми амалиёти ҷустуҷӯӣ ба сӯйи нерӯҳои амниятии Покистон оташ кушодаанд. Хабаргузориҳои покистонӣ навиштаанд, ки ёфтан ва нобуд кардани гурӯҳи ӯзбакҳои мусаллаҳ бо кӯмаки бошандагони мавзеи Колилӣ анҷом гирифтааст.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ин маҷмӯа бо гурӯҳи Толибон ва Шабакаи Ҳаққонӣ иртибот доштааст.
Мӯҳр