Боздошти раиси GM Uzbekistan ва писари ӯ
Дар доираи парвандаи корхонаи мошинсозии GM Uzbekistan наздик ба 10 нафар дастгир шудаанд. Миёни боздоштшудаҳо писари мудири кулли GM Uzbekistan Тоҳирҷон Ҷалилов ҳам ҳаст.
Худи Ҷалилов охири ҳафтаи гузашта боздошт шуда буд. Ӯ ба ғасби пулҳои ин корхона бо роҳи қаллобӣ айбдор мешавад. Ҷалиловро дар “ташкили нақшаи содироти мошин ба Русия” айбдор мекунанд. Бар асоси аснод, мошинҳо дар истгоҳи муваққатие дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон нигаҳдорӣ шуда ва баъдан дар Узбакистон фурӯхта мешудаанд.
Тавре қаблан бахши узбакии Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаи худ хабар дод, Ҷалилов баъд аз дахолати шахсии президенти Узбакистон Ислом Каримов ба ин қазия, боздошт шудааст.
Ҳоло Тоҳирҷон Ҷалилов дар боздоштгоҳи Хадамоти амнияти миллии Узбакистон нигаҳдорӣ мешавад. Ӯ аз соли 2010 ба ин сӯ раҳбари корхонаи муштараки Узбакистону Амрико - GM Uzbekistan аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |