Бахшҳо

Маслиҳати муфтӣ ба занон: Шавҳари салафӣ накунед

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба занону духтарони кишвар маслиҳат додааст, бо мардоне, ки пайрави салафияанд оила бунёд накунанд.

Ин нуктаро Шӯрои уламо дар посух ба Шаҳло, ки хостгораш салафӣ аст, баён доштааст. Шаҳло, як корбари сомонаи Шӯрои уламо аз Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон суол кардааст, ки “ҳанафимазҳаб ҳастам. Сатрро риоят мекунам. Ҷавони хостгор тариқи телефон бо ман суҳбат кард ва гуфт, ки аз бародарони салафӣ аст... Гӯед, ки зан агар ҳанафӣ бошад, оё дуруст аст, ки бо салафӣ ақди никоҳ бандад?”

Шурои уламо дар посух изҳор доштааст, ки миёни салафиҳо ва пайравони мазҳаби Имоми Аъзам (р) дар усул ва фуруъ ихтилофи зиёде вуҷуд дорад: “Салафиҳо саҳобагонро меъёри ҳақ намедонанд, яъне қавли саҳобаро ҳамчун далел намепазиранд. Имомони чаҳор мазҳабро дашном медиҳанд ва пайравии онҳоро ноҷоиз ва бидъат, ҳатто ширк низ мегӯянд. Масъалаҳоеро, ки бо иҷмоъи уммат собит шудаанд, инкор мекунанд. Масалан, тибқи мазҳаби ҳанафӣ намози таровеҳ бо иҷмоъи саҳоба бист ракъат собит шудааст, вале салафиҳо онро бидъати умарӣ қарор медиҳанд. Ҳамчунон иттифоқи саҳоба ва имомони чаҳор мазҳаб бар ин аст, ки се талоқ бо як лафз се талоқ ҳисоб мешавад, вале онҳо мегӯянд, ки се талоқ бо як лафз як талоқ ҳисоб мешавад. Хулоса инҳо худашонро аз пайравони мазҳаби ҳанафӣ ҷудо мекунанд. Ҳамаи инҳоро дида никоҳ бо чунин афрод чӣ тавр писандида аст, балки боиси фитна ва фасод дар ҷомеа мебошад. Маълум аст, ки зан дар зиндагии заношавҳарӣ фармонбардори мард аст, пас яқинан ақидаи ӯро хароб хоҳад кард”.

Шӯрои уламои Тоҷикистон ба занону духтарон инчунин маслиҳат додааст, ки шавҳарро тариқи телефон интихоб накунанд ва беҳтар ин корро ба уҳдаи солхӯрдаҳои хонавода гузоранд. Дар посух ба Шаҳло аз ҷумла таъкид шудааст, "дар ҷомеа шахсоне ҳам ёфт мешаванд, ки аз номи Президент, вазир, сафир ва раисон сӯистифода бурда, мехоҳанд ба мақсади худ бирасанд. Тавсияву насиҳати ман ба шумо хоҳари азиз Шаҳло ин аст, ки шавҳарро бо телефон интихоб накунед, бо номаҳрамон суҳбати телефонӣ надошта бошед, ки пушаймон мешавед, вале пушаймонӣ суд надорад. Ихтиёру интихоби шавҳарро ба ихтиёри сарпарастони солхӯрда ва таҷрибадида бо маслиҳат гузоред ва худро эҳтиёт кунед”.
Мӯҳр
Чаноби муфти -медонам илмат бисёр хуб аст-неки аз хакикати тоза гап намезани аз шеваи дили хукумат мегуи

Ахмад
Як маротиба мардумро ба "вовчик"-у "юрчик" чудо карда ба чанги шахрванди оварда расондед, бас набуд,ки бо мардумро бо маслихати душманони миллати точик ба "салафи"-у "алафи" чудо карда истодаед ва мехохед, ки боз мардуми точикро ба рузхои бад оварда расонед, мухтарам муфти. Мардуми точик дигар намехоханд чангро ва шумо ходимони дин мардумро ба холаш гузоред. Бояд хама аз як гиребон сар бароварда барои ободии Ватан ,ки номаш Точикистон хаст кушиш кунем. Бигузор муллохо ва муфтихо кори худашонро кунанд.

хонанда
Мардуми мутамаддини дунё имруз фикр доранд, ки ба Миррих рафта зиндаги кунанд, ин мардак дунболи чузъиёт мегардад. Шумо фикр кунед, чи тур мешавад Точикистонро вориди чахони мутамаддин кард то дар кишвари акибмондаи мо пешрафте шавад, мардум як бурида нони худро дар хонаи худ пайдо карда хурад. Дар сайёра раванди чахонишави идома дорад ва чахон имруз ба кавли коршиносон ба як дехкадаи бузурги мачози табдил ёфтааст, ин муфти аз асри 7 гап мезанад...

Озодагон ман ин саволро аз сайти Шурои уламо хондам.
Чаро нанавиштед, ки он чавони хостгори салафи ХЕШи наздики муфти Абдукодирзода аст?
Давоми посухро навиштед аз кавли муфти ки баъзехо худашонро хеши раисон мегиранд. ин ишора ба хеш будани он салафи ба муфти аст тибки саволи дар сайт омада.

Dilshod
Агар пайрави исмоилия духтари ханафимазхабро гирад чоиз аст, е инки як шахрванида бе намоз, бе дин духтари ханафимазхабро гирад дуруст аст? хамин саволхоро хамчунин муфти посух медод.!!!

ИН ДАФЪА ШУЙ КУНАМ АЗ ТУ МЕПУРСАМ МУЛЛОМУКАРРАМ, КИ БА САЛАФИ КУНАМ Ё ХАНАФИ.

Муфтии муҳтарам саволу ҷавоби қабра фаромуш накун,ки рузе пурсида меши

Али
“Салафиҳо саҳобагонро меъёри ҳақ намедонанд, яъне қавли саҳобаро ҳамчун далел намепазиранд. Имомони чаҳор мазҳабро дашном медиҳанд ва пайравии онҳоро ноҷоиз ва бидъат, ҳатто ширк низ мегӯянд. "Ин тухмат аст муфти дар кучо салафтхо имомони мазхабро дашном доданд?дар кучо сахобагонро меъёри хак надонистанд?аз Худо тарс,медонам ки холо худои ту якшахс аст ва медонамки озодагони ноозод ин номаамро хам ба чоп намерасонад мисли дирузаш.

Assalomu alaykum muhtaram mufti az alloh sharm dor ki ruze pursida meshavi dar on ruz yagon shaky shubha nest

Дар издивоч ИНСОН мухим аст ва е дину мазхаби у. Чаро ба ном диндорон ба чунин насихатхои нораво даст мезананд ва ВАО хам бе ибо андешахои мугризонаи онхоро манзури чомеа мегардонанд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)