Вазифаи нави Абдуҷаббор Сатторзода дар Суди олии Тоҷикистон
Басбӣ Холова аз вазифаи муовинони раиси Додгоҳи олӣ ва Абдуҷаббор Сатторзода аз вазифаи раиси Коллегияи ҳарбӣ бозхонд шудаанд. Ин тасмим имрӯз, 5 май бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси олӣ гирифта шудааст.
Далели бозхонди хонум Холова бознишаста шудан ва аз Сатторзода ба вазифаи дигар гузаштан гуфта мешавад. Дар иҷлосия инчунин бо пешниҳоди Президент ду судяи Додгоҳи олӣ -- Саломат Ҳакимзода ва Бахтулло Раҳматуллозода ва судяи Суди олии иқтисодӣ -- Файзалӣ Комилӣ бо сабаби ба поён расидани муҳлати ваколаташон бозхонд шудаанд. Дар асоси пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон Абдуҷаббор Сатторзода муовини раиси Суди олӣ, Сайдалӣ Раҳмонзода муовини раиси Суди олӣ- раиси Коллегияи ҳарбӣ, Бахтулло Раҳматуллозода ва Саломат Ҳакимзода судяҳои Суди олӣ ва Файзалӣ Комилӣ судяи Суди олии иқтисодии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |