Бахшҳо

Маҳкумияти Ҳасанов, ки истеъфои Э.Раҳмонро талаб кардааст

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷузъиёти парвандаи Сафаралӣ Ҳасановро, ки дар ҳайати созмони экстремистии “Гуруҳи 24” истеъфои ҳукумат ва раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро талаб кардааст, ифшо намуд.

Тибқи иттилоияи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ин сокини ноҳияи Қубодиён дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Екатеринбург ба “Гуруҳи 24” пайвастааст. Манбаъ мегӯяд, Ҳасановро ба ин гуруҳи мамнуъ -- Маҳмадов Ҷамолиддин Ҳақназарович ҷалб намудааст, ки дар интернет бо номи мустаори “Муборизи Ватан” фаъол аст: “Маҳмадов гуфтааст, ки дар шаҳри Қазон "Гуруҳи 24" таъсис дода шудааст, ки муқобили Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза мебарад. Ин гуруҳ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб дорад, ки ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳимоя кунад ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истеъфо равад. Гуфтааст, ки "Гуруҳи 24" дар шаҳри Уфа 500 аъзо дорад ва Ҳасановро ба узвият дар "Гуруҳи 24" даъват намудааст. Маҳмадов иброз намудааст, ки муҳоҷирони тоҷик муттаҳид шуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро иваз кунанд”.

Тавре дар қарори додгоҳ омадааст, Маҳмадов ба Ҳасанов гуфтааст, тавассути эътирозу гирдиҳамоиҳо дар Душанбе ва дигар навоҳӣ талаб мекунанд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба истеъфо равад ва Ҳукумати Тоҷикистон иваз шавад. Манбаъ афзуд, дар пайи даъватҳо Ҳасанов дар телефони мобилиаш барномаи "Зелло"-ро насб карда, баромадҳои зиддиҳукуматии роҳбарони "Гуруҳи 24"-ро гӯш мекардааст. Ин муҳоҷири тоҷик, ки дар бозори "Таганский ряд"-и шаҳри Екатеринбург ба фурӯши пойафзол машғул будааст, 15-уми ноябри соли 2014 бо даъвати яке аз аъзои "Гуруҳи 24" дар маҷлиси ин созмон дар толори кинотеатри "Стрела" иштирок кардааст.

Тибқи иттилоияи додгоҳ, дар ин маҷлис ҳозирин дар баромадҳои худ нисбати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханҳои қабеҳ гуфта, бо овози баланд "Истеъфо", "Истеъфо", "Истеъфо" Эмомалӣ Раҳмон мегуфтаанд ва Ҳасанов бо дигар муҳоҷирони тоҷик ин ҳарфҳоро такрор мекардаанд.

Манбаъ мегӯяд, Ҳасанов 22 ноябри соли 2015 ба зодгоҳаш - ноҳияи Қубодиён баргашта, якуми январи соли равон аз ҷониби кормандони амнияти миллӣ дастгир шудаст.

Додгоҳ Сафаралӣ Ҳасановро дар даъвати оммавӣ барои тағйири сохти конститутсионӣ бо роҳи зӯроварӣ гунаҳкор дониста, ба 5 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст.
Мӯҳр
Талаб кардани истеъфои Хкумат ё Президент дар ягон давлат чиноят ё гунох набуд ва нест. Дар Точикистон хам чунин аст. Лекин агар зимни чунин талабхо даъвати сарнагун кардани сохти конститутсиони садо дода бошад, ин дигар гап. Ин чо чинояти вазнин аст. Лекин инро исбот кардан лозим бо далелхои котеъ ва раднопазир...

Талаби истеъфо чиноят нест ва додрасе, ки бо ин иттих,ом ч,авони точ,икро мух,окима мекунад, хул к,онунро нак,з мекунад! Шарматон бод!

ношинос
бо ин истеъфои гуфтагиш ин шахс чи мехохад ба як гурухи бо ном гурухи 24 шомил шуда боз мехохад, ки кишвари осоишта ба як макони мухорибахо табдил ебад

ХОИНРО БОЯД ЯКУМРА МАХБУСИ КАРД

شسیب
Ачаб коре кардед макомоти КДАМ барои як калимаи "истеъфо" зиндони кардани ИНСОН шармандаги аст! Дар чомеаи демократи як нафар метавонанд ба волидайни худ эътироз кунад чи расад ба президенташ!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)