Барканории сардори Омӯзишгоҳи олии Қушунҳои сарҳадӣ баъди занозании гуруҳӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳукумати Тоҷикистон бо як қарор Сафаралӣ Назировро аз симмати сардори Омӯзишгоҳи олии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон озод кардааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, оқои Раҳмон бо як қарори дигар Абдусаттор Шоҳиёнро ба ин вазифа таъин кардааст. Дар қарори раиси ҳукумат сабаби аз вазифа озод кардани Сафаралӣ Назиров гуфта нашудааст, аммо ин қарор дар ҳолест, ки ахиран дар бораи ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи 14 донишомӯзи ин омӯзишгоҳ хабар расида буд. Манобеи “Озодагон” гуфтанд, парвандаҳо дар робита ба муноқишаи гуруҳии донишомӯзони курсҳои болоӣ ва поёнии омӯзишгоҳ боз шудааст: “Шабона донишомӯзони курси 2 бо донишомӯзони курси 4 муноқиша кардаанд, ки он бо занозании гуруҳӣ анҷом ёфтааст”.
Гуфта мешавад, занозанӣ то ба ҳадде авҷ гирифтааст, ки барои халос кардани онҳо мақомот нерӯи иловагӣ равон намудаанд: “Айни ҳол нисбати 14 иштирокчии нисбатан фаъоли ин муноқиша бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст”.
Дафтари матбуотии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар мавриди муноқишаи гуруҳӣ миёни донишҷӯёни омӯзишгоҳи олии марзбонӣ изҳори бехабарӣ кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |