Бахшҳо

Талаби додситонӣ барои наҳзатиҳои аршад: Кӣ бояд чанд сол зиндонӣ шавад?

Айбдоркунандаи давлатӣ дар Додгоҳи Олӣ барои 5 узви раёсати олии Ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон ҳабси абад дар зиндони низомаш махсус талаб кардааст.

Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” айбдоркунанда аз ҷумла барои Сайидумар Ҳусайнӣ, ноиби аввали раиси ҲНИТ, Муҳаммадалии Ҳайит, ноиби раис, Қиёмиддини Аваз, раиси шӯъбаи душанбегии ҲНИТ, Давлатов Абдуқаҳҳор, масъули равобити хориҷии ҲНИТ ва Раҳматуллоҳи Раҷаб, раиси шӯъбаи ноҳияҳои тобеъи Маркази ҲНИТ ҳукми абад дар зиндони низомаш махсус талаб кардааст.

Айбдоркунанда барои Ҳикматулло Сайфуллозода, муҳаррири ҳафтаномаи “Наҷот” - 30 соли зиндон, Муҳамадалии Файзмуҳаммад, раиси Шӯъбаи тафтишоти ҲНИТ - 29 сол, Зубайдуллоҳи Розиқ, раҳбари шӯъбаи илм ва кор бо уламои ҲНИТ -30 сол, Каримов Саттор, маъруф бо Эшони Саттор - 28 сол, Саъдиддини Рустам - 24 сол, Воҳидхони Қосиддин, раҳбари шӯъбаи интихоботии ҲНИТ - 22 сол, Муҳаммадшариф Набиев, раиси шӯъбаи хатлонии ҲНИТ - 16 сол, Ғайратов Абдусамад, раиси бахши минтақаи Кӯлоби ҲНИТ - 16 соли зиндони низомаш сахт талаб кардааст.

Барои Зарафо Раҳмонӣ, ягона зан миёни боздоштшудагон, ки ба ҳайси мушовир ҳуқуқии раиси ҲНИТ фаъолият мекард, 5 сол маҳбас талаб карда шудааст.

Мурофиаи навбатӣ рӯзи сешанбеи 17-уми май таъин шудааст.

Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалӣ Ҳайит, Абдуқаҳҳори Давлат, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Қиёмиддин Авазов, Зарафо Раҳмонӣ, Маҳмадшариф Набиев, Абдусамад Fайратов, Саттор Каримов ва Воҳидхон Қосидинов баъд аз амалиёт алайҳи генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири мудофиа дар моҳи сентябри соли 2015 боздошт шуданд. Додситонии кулли Тоҷикистон 17 сентябр бо нашри як изҳорот гуфт, ин афрод баъди пурра нобуд кардани аъзои гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" (Абдуҳалим Назарзода) қасди фирор аз кишварро доштаанд: “Дар асоси далелҳои дар рафти тафтишот дастрасшуда, бо мақсади пешгирӣ кардани амалҳои нави террористӣ, ҷалб кардани шаҳрвандон ба содир кардани ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта, созмон додани дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин халалдор намудани оромӣ ва амнияти мардуми Тоҷикистон шахсони зикршуда боздошт гардиданд".

Ин ниҳод баъдан эълон кард, алайҳи боздоштшудаҳо бо иттиҳоми терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ба таври зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, исёни мусаллаҳона ва чанд моддаи дигари Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.
Мӯҳр
ученик
Агар дар мурофиаи додгоҳӣ ягон айби эълонкарда исботи худро наёфта бошад, пас чаро прокурору судяхо берахмона нисбати ин 13 аъзоёни ХНИТ мекунанд.

Инхо одамоне хастанд, ки намехоханд ватани азизамон обод ва озод бошад..хуб шуд, ки аз чунин одамхои чинояткор халос шудем

точикистони нав
инхо истиклолхох буданд

Духтури асаб.
Содик,
Содик майнаатро бие муоина кунем.Ба чои магзи сар,боз ....дар сарат набошад?Хело майнаатро бо чунин ташвикотхои дуругин фалач кардаанд.Инчо касосгири рафта истодааст.Ед дорем,Достиев чи гуфта буд:"Аввал биеед,онхоро(одамони гурезаву хешу таборони мухолифин)ро чо ба чо кунем,баьд аз паси дигаронашон шавем,онхо бесаводанд,бо таври сиеси мо онхоро нобуд месозем".Ман шохиди ин суханронихои Достиеви 47-_солаи аьзои шурои Фронти Халки ва Раиси Шурои Парлумони Точикистон ,дар гузашта, хастам.Касосгириву кабзияхои сохтаву фишори сиесиву равон кардан ба зиндонхо давом дорад,...давом дорад!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)