Ҷангиёни ҳаракати «Толибон» дар давлати исломии Афғонистон даст ба куштори оммавӣ заданд.
Тибқи иттилои расонаҳои электронӣ, размандагони ин ҳаракат дар вилояти ҷанубушарқии Пактиё ба як ширкати афғонии роҳсозӣ ҳамла карда 35 коргари онро куштанд. Дар ин ҳамла, ки баъд аз зӯҳри дирӯз сурат гирифтааст, дар ноҳияи Вазӣ Задрон ҳамчунин 20 коргари дигар захмӣ шудаанд. Зимни ҳамлаи ҷангҷӯёни Толиб муҳофизони мусаллаҳи ширкат ба онҳо ду соат муқовимат нишон додаанд. Гуфта мешавад, дар пайи ин тирпарронӣ ҳашт ҷангҷӯи толиб низ ба ҳалокат расидааст. Вилояти Пактиёи Афғонистон бо Покистон ҳамсарҳад буда, дар ин минтақа даргириҳо зуд-зуд ба вуқӯъ мепайвандад.
Мӯҳр